Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Гуфтугӯ бо намояндагони Бонки исломии рушд

      24 майи соли 2023 дар толори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти намояндагони Бонки Исломии Рушд (БИР) Васим Абдулваҳҳоб ва Энам Малкавӣ бо кормандони Палатаи ҳисоб дар ҳайати муовини раис Файзалӣ Аҳмадзода, роҳбари Дастгоҳ Зиёмиддин Шаробидинзода ва дигар шахсони расмӣ доир шуд.
        Дар он ҷиҳати муайян кардани самтҳои ҳамкорӣ барои се соли оянда, бо дарназардошти афзалиятҳои миллии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, табодули афкор ҷараён гирифт.
        Ҷонибҳо аз робитаҳои мутақобилан судманд изҳори хушнудӣ намуда, вобаста ба ҳамкориҳои оянда умедвории хешро баён намуданд.
        Ҳамчунин, дар доираи ҳусни тафоҳум оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн гуфтугӯ сурат гирифт.

Бахши иттилоот ва кор бо
васоити ахбори омма

Аксхо

 
Силкаҳои лозима