ҚАЛЛОБӢ ВА ФАСОД ДАР ҚОНУНГУЗОРИИ МИЛЛӢ
ва Дастурамал оид ба аудити пешгирӣ аз фасод (Роҳнамо 5270)
Таҳти ҳамин унвон 22 майи соли равон бо иштироки муовини раис, сараудиторон ва дигар кормандони мақоми олии аудит дар толори Палатаи ҳисоби ҷумҳурӣ семинар-машварати омӯзишӣ доир гардид, ки онро муовини раис Файзалӣ Аҳмадзода ҳусни оғоз бахшид.
Сипас, сардори шуъбаи ҳуқуқи Палатаи ҳисоб Шарифзода Шарифбек Мурод қаллобию фасодро зуҳуроти номатлуби ҷомеа маънидод ва перомуни Роҳнамо 5270 муфассал маълумот дода, қайд кард, ки ҳуҷҷати зикршудаи Созмони байналмилалии мақоми олии аудит (СБМОА) соли 2016 таҳия гардида, нисбатан аз дигар стандартҳо оид ба аудит тафовут дорад. Дар ибтидо он Дастурамал оид ба аудити пешгирӣ аз фасод дар Бахши давлатӣ ном дошт. Бо таъсиси Низоми касбии изҳоротӣ ба ин ҳуҷҷат аз ҷониби СБМОА соли 2019 тағйиру иловаҳо ворид гардида, Дастурамал оид ба пешгирии фасод Роҳнамо 5270 номгузорӣ шуд.
Инчунин, зикр шуд, ки Дастурамал оид ба пешгирии фасод Роҳнамо 5270 бо дарназардошти кӯмак ба аудиторони МОА дар доираи ваколатҳояшон баҳри омодасозӣ ва гузаронидани аудити зиддикоррупсионӣ дар ташкилотҳои давлатӣ пешниҳод шудааст. Он сохтор ва равандҳои зиддифасодиро инъикос намуда, аудиторонро оид ба беҳтар намудани сифати гузаронидани аудит шинос менамояд. Гузашта аз ин, замина фароҳам меорад, ки омӯзандагони он бо методологияи умумӣ ва тартиботи аудити марбут ба соҳа, ки дар стандартҳои байналмилалии олии аудит, минҷумла, СБСОА, СБА, роҳнамои аудиторӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо пешбинӣ шудаанд, шинос шаванд.
Дар интиҳо масъулону коршиносони соҳа роҷеъ ба мақсад, вазифа ва самтҳои асосии Дастурамал оид ба пешгирии фасод Роҳнамо 5270 изҳори назар намуда, зимнан, иттилоъ доданд, ки хоҳишмандон метавонанд баҳри огаҳии бештар пайдо кардан матни пурраи онро аз сомонаи Палатаи ҳисоб www.sai.tj ва веб-сомонаи www.issai.org пайдо намоянд ва мавриди омӯзиш қарор диҳанд.
Бахши иттилоот ва кор бо ВАО