Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Мулоқот бо роҳбари Намояндагии доимии ХБА Метю Гартнер

16 майи соли равон дар шаҳри Душанбе бо иштироки муовини Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Аҳмадзода, сараудиторон А. Мирзозода, А. Ҳасанзода, сардорони раёсатҳо В. Мавлонзода, Ф. Анварӣ ва дигар шахсони масъул вохӯрӣ бо ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор оид ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии ҷаноби Мэтю Гартнер баргузор шуд.
Зимни он, ки дар толори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён гирифт, асосан, масъалаҳои “Аудити муассисаҳои давлатӣ”, “Шаффофияти шартномаҳои харид”, “Аудити қарордодҳо барои хариди Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Инчунин, зикр гардид, ки мақсади ҳар як ҷомеа ва давлат, роҳбарияти сиёсии он ташкилу таъмини хаёти хушу хуррам ва осудаву ороми халқу диёр, сарсабзӣ ва сарбаландии миллат дар арсаи байналмиллалӣ мебошад. Бинобар ин, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷети давлатӣ ба пешрафти соҳаҳои гуногуни ҷомеа таъсири мусбат расонида, омилҳои коррупсионӣ ва иқтисодии характери коррупсионеридоштаро метавонад бартараф намояд.
Дар хотима миёни иштирокдорон мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.
Қобили зикр аст, ки ҷаноби Мэтю Гартнерро ҳангоми суҳбат сариқтисодчиёни ХБА Кади Кета Синтия ва Ҷами Чининев ҳамроҳӣ намуданд.

GETNER12

 

 

Аксхо

 
Силкаҳои лозима