Рӯзи 23-юми январи соли 2023 дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Эъломияи Рио-де-Жанейро, ки дар Конгресси XXIV -уми ИНТОСАЙ қабул гардид, муаррифӣ карда шуд.
Валимат Мавлонзода, сардори раёсати стандартҳо, таҳлил, рушд ва ҳамкориҳои байналмилалӣ зимни баромад иброз намуд, ки Конгресси мазкур аз 7 то 11 ноябри соли 2022 дар Бразилия баргузор гардид, ки дар кори он зиёда аз 700 нафар намояндагон аз мақомотҳои олии аудити узви Интосай ширкат варзида, қарорҳои дахлдор қабул намуданд.
Инчунин яке аз муҳимтарин ҳуҷҷат Эъломияи Рио де Жанейро қабул гардид, ки барои фаъолияти минбаъдаи мақоми олии аудит манфиатовар мебошад.
Дар ҷараёни Конгресс ду мавзуъҳои муҳим аз қабили “Нақши Мақоми олии аудит дар ҳолатҳои фавқулодда” ва “Таваҷҷӯҳи глобалии INTOSAI тағйирёбии шароит ва хатарҳои пайдошаванда” мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ширкаткунандагон оид ба иқтидори рушди минбаъда ва таҳкими ҷаҳонии ИНТОСАЙ, бартариҳои ҳамкории минбаъдаи МОА дар доираи ИНТОСАЙ ва ҷонибҳои манфиатдори беруна таъкид намуданд.
Калиди баланд бардоштани иқтидори таваҷҷуҳи глобалии ИНТОСАЙ ва мутобиқати МОА фаъолияти самараноки онҳост. Принсипҳое, ки дар Эъломияҳои минбаъдаи ИНТОСАЙ ва дигар ҳуҷҷатҳои асосии ИНТОСАЙ муқаррар шудаанд, заминаеро барои пешбурди рушди ИНТОСАЙ ва МОА фароҳам меоранд,-афзуд Валимат Мавлонзода.
Зикр гардид, ки дар ҳошияи Конгресси XXIV -ум ду ҷаласаи Шӯрои ташаббуси рушди ИНТОСАЙ ва Кумитаҳои мақсадноки он баргузор гардид, ки зиёда аз 20 ҳуҷҷати муҳим барои қабул мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Инчунин, Конгресс 14 дастури методии таҳияшуда берун аз Форуми ИНТОСАЙ оид ба таҳияи ҳуҷҷатҳои касбиро қабул намуд.
Мавриди зикр аст, ки Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конгресси XXI-уми ИНТОСАЙ, ки дар шаҳри Пекини Чин, ки моҳи октябри соли 2013 баргузор гардида буд, бо райъи аксари аъзоёни ИНТОСАЙ ба узвият қабул карда шуд.