Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти кишвар дар Палатаи ҳисоб

Рӯзи 23-юми декабри соли 2022 дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати роҳбарикунанда ва доираи васеи кормандон Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври дастаҷамъона тамошо карданд.
Зимни ирои паёми хеш, Пешвои миллат зикр намуданд, ки ҳар яки мо – роҳбарони сохтору мақомоти давлатӣ ва кулли хизматчиёни давлатӣ дар ин ҷода масъулият дорем ва вазифадорем, ки ба халқи азизи Тоҷикистон софдилонаву содиқона хизмат кунем.
“Яъне мо бояд боз ҳам бештар заҳмат кашем ва барномаҳои созандаву нақшаҳои бунёдкоронаи барои рушди давлат ва ободии Ватан тарҳрезикардаи худро сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонем”-илова намуданд, Сарвари давлат.
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдат - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди ҳалли масоили мубрами ҷаҳони имрӯз нақши созанда ва саҳми шоиста гузошта, ба афзудани обрӯ ва нуфузи кишвари соҳибистиқлоламон мусоидат менамояд.

Аксхо

 
Силкаҳои лозима