Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Палатаи ҳисоб

24 ноябри соли 2022 дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид.
Чорабинии тантанавӣ бо садо додани Суруди миллии Тоҷикистон оғоз шуда, нахуст Раиси Палатаи ҳисоб муҳтарам Чиллазода Қ. суханронӣ намуда, ҳозиринро ба муносибати Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола ба хотири арҷгузорӣ ба рамзи муқаддаси давлатӣ ва бузургдошти оину суннатҳои миллиамон таҷлил мегардад, табрик намуданд.
Мавсуф иброз доштанд, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи Истиқлоли давлатӣ барои мо азизу муътабар буда, таҷлили ин санаи муборак дар радифи дигар ҷашнҳои миллию давлатӣ боиси ифтихор ва эътибору шарафи мардуми меҳанпарасти тоҷик аст.
Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷашни умумимиллӣ табдил ёфт, яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар таърихи давлатдории навини тоҷикон маҳсуб меёбад.
Таърих шаҳодат медиҳад, ки аслан парчамбардорӣ барои аҷдоди мо – тоҷикон, ҳанўз аз замонҳои дури таърих сарчашма гирифта, хосияти бузурги тарбиявию ахлоқӣ дошт. Дар ин раванд, эҳтиром ба Парчами давлатӣ - муҳаббат ва арҷгузорӣ ба давлату халқи худ ва ба рўҳи поку мероси гузаштагони бузурги худ буда, ҳар фарди ватандӯсти миллатро ба ваҳдат, сулҳу субот, созандагиву ободгарӣ ва тавоноиву нерумандӣ ҳидоят менамояд.
Дар идомаи чорабинии ҷашнӣ муовини сардори раёсати Палатаи ҳисоб Исмоилзода И. суханронӣ намуда, чунин иброз дошданд:
Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи муҳими давлати соҳибистиқлол, нишонаи ҳаёти осоишта, ваҳдат, сарафрозӣ ва ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандўстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.
Имрӯз мардуми мо ба асолати таърихӣ ва таъсири маънавии Парчами давлатӣ ҳамчун зуҳуроти бисёр муҳимму арзишманди миллӣ эътиқод ва эътимод пайдо кардаанд ва он чун рамзи давлатдории тоҷикон дар бинои тамоми идораҳои давлативу маъмурӣ, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ, иншооти варзишӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон насб гардида, мардуми моро дар ҷодаи сарсабзиву ободӣ ва зиндагии босаодат рӯҳу илҳом мебахшад.
Дар ҷараёни маҷлиси тантанавӣ кормандон ба сухан баромада, оид ба муҳимияти ин санаи сарнавиштсоз ақидаҳои худро баён доштанд. Зикр гардид, ки шоистаи таъкид аст, ки Парчам барои мо чун рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкори созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлоли сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ эътироф гардида, нишони барҷастаи пойдории давлат, рамзи асолату ҳуввият, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари маҳбубамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсуб меёбад.
Дар фарҷом Қарахон Чиллазода бо истифода аз фурсати муносиб бори дигар аҳли нишастро бо фарорасии Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод намуда, бо боварӣ изҳор доштанд, ки ҳамаи мо зери роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла низоми аудити берунаи мамлакат, ба дастовардҳои назаррас ноил мегардем.

Аксхо

 
Силкаҳои лозима