Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Файзалӣ Аҳмадзода, муовини Раиси Палатаи ҳисоб дар муҳокимаи парламентӣ иштирок намуд

Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон, роҳбарони як қатор вазорату кумитаҳои дахлдори кишварамон муҳокимаи парламентӣ дар мавзӯи «Рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» дар 9 моҳи соли 2022» доир гардид. 
Аз рӯи масъалаи мазкур дар назди ҳозирин раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Маҳмадалӣ Қурбонзода баромад намуда, иброз намуд, ки таҳлилҳо нишон доданд, ки вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати идоракунии самараноки молияи давлатӣ ва иҷрои сифатноки буҷети давлатӣ корҳои муайянеро ба анҷом расониданд.
Мутобиқи маълумоти оморӣ ҳаҷми номиналии маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ дар моҳҳои январ - сентябри соли ҷорӣ ба 79,3 млрд сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 7,8 фоиз баробар гардидааст.
Бояд қайд кард, ки афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар тамоми соҳаҳо ба назар мерасад. Аз ҷумла, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар давраи ҳисоботӣ нисбат ба нуҳ моҳи соли гузашта 18,0 фоиз, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 7,8 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 17,0 фоиз, хизматрасонии пулакӣ дар ҳамаи соҳаҳои хизматрасонӣ 16,2 фоиз, мусофиркашонӣ 13,4 фоиз, гардиши савдо 11,1 фоиз ва гардиши савдои хориҷӣ 18,8 фоиз, афзоиш ёфта, дар маҷмуъ боиси таъмин гардидани рушди мусбати иқтисодиёти ҷумҳурӣ гардид.
Дар давраи ҳисоботӣ гардиши савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба 5 миллиарду 410 миллион доллари амрикоӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18,8 фоиз зиёд мебошад.
Дар ин давра музди миёнаи моҳона ба 1693,7 сомонӣ баробар гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,4 фоиз афзоиш ёфтааст.
Мусбӣ ҷамъбаст гардидани нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар имконият доданд, ки нишондиҳандаҳои фискалӣ, аз ҷумла даромад, хароҷот ва касри буҷет низ дар сатҳи муътадил нигоҳ дошта шаванд.
Дар ин робита, дар давраи ҳисоботӣ иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои воридот дар сатҳи 103,2 фоизи нақша таъмин ва ба буҷети давлатӣ 24,3 млрд сомонӣ ворид гардид.
Барзиёдии воридоти маблағҳо нисбат ба нақшаи тасдиқшуда 757,4 млн сомониро ташкил дод.
Ҳамин тавр, аз таҳлилҳои гузаронидашуда бармеояд, ки гарчанде нақшаи қисмҳои даромади буҷет дар 9 моҳи соли ҷорӣ иҷро гардида бошад ҳам, вале дар истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ камбудиҳо ба назар мерасанд. Бинобар ин, вазорату идораҳои дахлдорро зарур аст, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда чораҳои судманд андешанд.
Аз рӯи масъалаи рӯзномаи муҳокимаи парламентӣ дар назди вакилони Маҷлиси намояндагон ҳамчунин вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин, муовини якуми раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Собирзода Аюбҷон, сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Хуршед, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Дилмурод, муовини Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Файзалӣ, муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Талбакзода Сулаймон бо ахбороти муфассал баромад намуданд.
Баъди саволу ҷавоб ва музокираҳо дар фарҷоми муҳокимаи парламентӣ тавсияҳои парламентӣ қабул карда шуд.

Манбаъ: Парлумони Тоҷикистон

Аксхо

 
Силкаҳои лозима