Ба тоҷикӣ | На русском | In English

АҲАМИЯТИ ТАЪРИХИИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Таърихи бою гузаштаи кишвари маҳбубамон воқеаҳои сиёсии бузургеро аз сар гузаронидааст, ки ҳар кадоми он дар марҳилаи худ нақши махсусро ишғол намудааст. Дар таърихи навин баъди пош хурдани собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз нигоҳи мо, волотарин дастовардамон соҳиб шудан ба Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аст.

Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми тоҷик ба осонӣ ба даст наомадааст. Бо таъсири қувваҳои бадхоҳи дохилию хориҷӣ, кишварамон ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд, ки он боиси қурбониҳои азими ҷонӣ, талафот ва ҳисороти бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ гашта, пояҳо, рукнҳо ва асосҳои давлатдорӣ фалаҷ гардида, қонунвайронкунӣ ва бесарусомониҳоро дар мамлакат ба вуҷуд овард.

Дар чунин шароити душвор ягона ҳокимияти давлатӣ, ки масъулияти бузург ва беназири давлатдории хешро ба воситаи вакилони халқ баҳри барқарор намудани асосҳои давлатдорӣ ва таъмини қонуният, сулҳ ва ризоияти миллӣ ифода мекард, Шӯрои Олӣ буд.
16 ноябри соли 1992, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти як қатор омилҳо дар Қасри Арбоб ва бо иштироки вакилони халқ, аъзои Ҳукумат, ашхоси номдор, пирони рӯзгордида, олимону адибон, намояндагони ҳизбу созмонҳо, воситаҳои ахбори умум баргузор гардид, ки аз гузашти он 30 сол сипарӣ шуд. Ҳар қадар, ки солҳо мегузаранд ҳамон қадар аҳамияти таърихии Иҷлосия дар бобати муваффақ шудан ба ризоияти миллӣ, сулҳу ваҳдат, бақои сохти давлатдории тоҷикон ва якпорчагии сарзамини Тоҷикистон рӯз аз рӯз меафзояд.
Бояд зикр намуд, ки Иҷлосия дар давраи мушкили сиёсӣ бо назардошти ҳадафҳои эъмори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, таъмини ҳарчи зудтари сулҳу ваҳдати миллии тоҷикон, наҷот додани миллат аз вартаи бӯҳрони иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа, нигоҳ доштани якпорчагӣ ва давлати мустақили тоҷикон, барқарор намудани хоҷагии бар асари ҷанги шаҳрвандӣ харобгашта ва рушди минбаъдаи Тоҷикистон даъват шуда буд.
Ин сохтори давлатӣ, дар чунин шароити душвор парокандагии мамлакатро боздошт, қарорҳои ин Иҷлосияи таърихӣ ба тақдири минбаъдаи тоҷикон ва ҳастии минбаъдаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон вобастагии калон дошт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намудаанд, ки «Ин Иҷлосия, ки минбаъд дар таърихи навини халқамон бо номи Иҷлосияи тақдирсози шонздаҳум сабт шуд, дар роҳи ба эътидол овардани вазъи ноороми кишвар нақши бузурги таърихӣ бозид ва роҳу сарнавиши минбаъдаи миллати тоҷикро муайян намуд».
Дар нахусти корӣ Иҷлосия бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раис ва аъзоёни Котиботи Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз 5 нафар интихоб карда шуд.
Сипас бо қарори дигари он дар рӯзномаи Иҷлосияи мазкур баррасии масъалаҳои зерин қобили қабул дониста шуд:
1) Дар бораи дохил кардани таъғирот ба моддаҳои 102 ва 174 Конститусияи (Қонуни Асосии) Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2) Дар бораи дохил кардани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи статуси депутатҳои халқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон».
3) Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати депутатҳои халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаҳои интихоботии ҷудогона.
4) Дар бораи изҳороти аъзоёни Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
5) Дар бораи аз вазифаи муовини Раиси Шӯрои Олӣ озод намудани Приписнов В.И.
6) Дар бораи бозхонди Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
7) Дар бораи интихоби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
8) Дар бораи изҳороти аъзоёни Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон.
9) Дар бораи изҳороти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Набиев Р.Н.
10) Дар бораи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон.
11) Дар бораи интихоби муовини Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзоёни Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
12) Дар бораи тасдиқи аъзоёни Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
13) Дар бораи Додситони кулли Ҷумҳурии Тоҷикистон.
14) Дар бораи Нишони давлатӣ ва Байрақи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
15) Дар бораи муроҷиат ба мамлакатҳои ИДМ.
16) Дар бораи тартиби ба маҳалҳои зисти доимиашон баргардонидани гурезагон.
17) Дар бораи авф.
18) Дар бораи аз муҳосираи иқтисодӣ озод кардани минтақаҳои ҷудогонаи ҷумҳурӣ.
19) Дар бораи дохил кардани тағйирот ба қонунгузорӣ дар бораи андози даромад аз шаҳрвандон.
20) Дар бораи чораҳои мӯтаъдилгардонии вазъи ҷамъиятию сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
21) Дар бораи раиси Кумитаи назорати конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
22) Дар бораи тафтиши факти бо чархбол овардани яроқ ба ВАБК ва ноҳияи Москва.
23) Масъалаҳои гуногун.
Рӯзи 19 ноябри соли 1992 дар маҷлис суханронии Раиси Комиҷрояи вилояти Кӯлоб, депутати халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш. Раҳмонов бо диққат шунида шуда, бо гармӣ истиқбол гардид, зеро вазъи баамаломадаи ҷумҳурӣ воқеъбинона ва бо дарки масъулияти баланд тавсиф гашта, ҳадафи олии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – хотима гузоштан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва таъмини сулҳ дар тамоми қаламрави кишвар муайян карда шуд.
Дар ҳамин рӯз, бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонов Эмомалӣ Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд, ки ҳамзамон Сарвари давлати Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Ин қарор дар воқеъ аҳамияти таърихӣ дошта, ба тақдири минбаъдаи давлатдории тоҷикон нақши бебаҳо гузошт. Шахсе ба ин вазифаи масъулиятнок интихоб гардид, ки дорои иродаи матин ва ҳисси баланди масъулиятшиносӣ барои тақдири минбаъдаи халқи Тоҷикистон буд.
Ҳамин тариқ, дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли нави идоракунии ҳокимияти олии давлатӣ бо сарварии Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфт. Дар ҳамон шароити вазнини сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳарбии мамлакат чунин шакли нави идоракунии ҳокимияти давлатӣ зарур буд. Зеро фаъолияти қариб тамоми сохторҳои давлатӣ фалаҷ гашта, вазъи ҷамъиятиву сиёсии ба вуҷуд омада имкон намедод бо роҳи демократӣ сохторҳои давлатӣ интихоб ва таъсис дода шаванд. Ба таъхир гузоштани ин масъалаи муҳимтарини ҳаёти давлатӣ боиси кашмакашиҳои беҳуда, бозиҳои пасипардагии қувваҳои бадхоҳи миллат, ба вартаи фоҷиаи боз ҳам бештари миллӣ кашида шудани Тоҷикистон мегардид. Дар баробари он сабру тоқати мардум, алалхусус дар ноҳияҳои даргир лабрез шуда буд. Боварии ниҳоии шаҳрвандон ва гурӯҳҳои сулҳхоҳи аҳолии мамлакат ба ин Иҷлосияи таърихӣ нигарон буд.
Аз ин рӯ, дар кори Иҷлосия раисони кумитаҳову комиссияҳои Шӯрои Олӣ, Раиси Шӯрои Вазирон, аъзои Ҳукумат интихоб шуданд. Шакли идораи президентӣ бо сабабҳои маълум боздошта шуда, шакли нави идоракунии ҳокимияти давлатӣ - парламентӣ бо мақсади барқарор намудани қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, баргардонидани гурезаҳо, таъмини шароит барои интихоби Президенти нави Тоҷикистон, эҳёи шакли идораи президентӣ ташкил карда шуданд.
Мақомоти тозаинтихобшудаи ҳокимияти давлатӣ, алалхусус Сарвари нави давлат Эмомалӣ Раҳмон дарҳол пас аз баргузории Иҷлосия ба амалӣ намудани қарорҳои он шурӯъ намуда, дар ин кори басо муҳим ва тақдирсоз азму иродаи қавӣ нишон доданд. «Дар ҳамин давраи тақдирсози давлатӣ ҳатто нафароне пайдо шуданд, ки аз мансабҳои масъули давлатӣ даст кашида, ба ояндаи давлат боварӣ надоштанд». Лекин ба ин нигоҳ накарда, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон устуворона баҳри иҷрои қарорҳои Иҷлосияи мазкур кӯшиш ба харҷ дода, дар муддати кӯтоҳтарин баҳри хотима гузоштан ба ҷанги шаҳрвандӣ, таъмини ваҳдати миллӣ, баргардонидани гурезаҳо, барқарор намудани хоҷагии аз ҷанг харобгашта тадбирҳои таъхирнопазир андешида, ба давраи бесарусомонӣ, кашмакашиҳо ва талошҳои беҳудаи ҳарисони мансаб, ки ба иродаи қувваҳои бадхоҳи дохилию хориҷӣ такя доштанд, хотима гузошт.
Роҳбари давлат садоқату вофодориро ба ватану миллати хеш нишон дода, дар нахустин суханронии худ, содиқ буданашонро барои сулҳ, оромӣ ва пешрафту шукуфоии миллати тоҷик баён доштаанд, ки «Ман кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъро ором намоем. Ҳарчӣ аз дастам меояд, дар ин роҳ талош хоҳам кард». Инчунин қайд карда буданд, ки барои ба даст овардани ин мақсадҳо ҳатто омодаанд ҷони худро нисор намоянд.
Боиси ифтихор мебошад, ки маҳз суханрониҳо ва фаъолияти амалии Сарвари давлат дар он давра дар қалби мардуми кишвар ҷои нотакрор ва сазовори худро ишғол карда, яке аз асосҳои дастгирӣ ва боварии халқ ба сиёсати пешгирифтаи роҳбари мамлакат гардиданд. Ин садоқату самимиятро Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни хидматҳояш дар назди халқу Ватан барҳо собит намудааст. Воқеан ҳам, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи душвортарин ва тақдирсоз, ба фоҷиаи ба сари миллат омада баҳои саривақтӣ ва айнӣ дода, ҳамзамон хатари нобуд гаштани давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ пурра эҳсос намуд, ки ин яке аз ҷанбаҳои аҳмияти таърихии ин Иҷлосия мебошад. Гузашта аз ин, ҳамин дарку эҳсоси хатари ҷиддии ҷанги шаҳрвандӣ ба тақдири ояндаи миллати тоҷик ва ба музаффариятҳои Истиқлолияти давлатӣ, эъмори давлати тозабунёди Тоҷикистон боис гашт.
Маълум аст, ки аксари давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон таърихи худро бо номи фарзандони бузурги худ, ки дар наҷоти ин кишварҳо нақши ҳалкунанда доштанд, пайваст менамоянд. Номи Амрико бо Ҷорҷ Вашингтон, номи Руссия бо Пётри Кабир, номи Чин бо Мао Тсзе Дун ва ғайра паваста аст. Номи Тоҷикистони мо бошад, бо Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои миллат дар мураккабтарин марҳилаи таърихӣ амиқ пайваст гардидааст. Ба худи ин саҳна омадани Пешвои миллат тамоми характеру хусусияти миллат ва ормону омили миллиро дар худ таҷассум карда тавонист. Бешубҳа ин яке аз дастовардҳои Иҷлосияи 16-ӯми Шӯрои Олӣ мебошад.
Саъю талошҳои бепоёни роҳбарияти нави давлати Тоҷикистон таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон буд, ки пас аз баргузории Иҷлосияи таърихӣ ва зимни амалӣ гаштани қарорҳои он дар сарзамини тоҷикон сулҳ, амният, назму суботи ҷомеа ва ваҳдати миллӣ таъмин гашта, гурезаҳо ба хонаҳои худ аз хориҷи кишвар баргаштанд, барои барқарор намудани хоҷагии халқ, эҳёи сохтори қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, таъмини шароити мусоид барои рушди минбаъдаи ҷомеа тамоми чораҳо андешида шуданд.
Дар ин Иҷлосияи таърихӣ роҳбарияти нави давлати Тоҷикистон ба ҳамаи давлатҳои ҷаҳон, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ошкоро эълон намуд, ки ҷонибдори ба роҳ мондани муносибатҳои тарафайн дар асоси талаботи пазируфташудаи ҳуқуқи байналмилалӣ, тарафдори таъмини ҳаёти осудаҳолона ва шоистаи ҳар як сокини Тоҷикистон, якдилии иҷтимоӣ ва дӯстии ҳамаи миллатҳои сокини Тоҷикистон мебошад.
Ҷомеаи ҷаҳон бо таваҷҷӯҳи бепоён кори Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мушоҳида менамуданд. Санадҳое, ки дар ин Иҷлосияи таърихӣ қабул шуданд, ҳам барои халқи Тоҷикистон ва ҳам барои таъмини амнияти минтақа аҳамияти муҳими таърихӣ доштанд. Инчунин, азму иродаи роҳбарияти нави давлати Тоҷикистон дар хусуси барқарор намудани сохтори конститутсионӣ ва эъмори давлати хуқуқбунёди демократӣ қобили дастгирии ҳаматарафаи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, давлатҳои ҷаҳон ва мақомоти роҳбарикунандаи давлатҳои аъзои ИДМ гардиданд.
Ҳангоми қабули санадҳои Иҷлосия аз ҷониби гурӯҳҳои алоҳида муқобилиятҳои зиёд нишон дода шуда, қабули қарорҳо ба осонӣ ба даст наомада буд.
Қарорҳои қабулнамудаи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, изҳори ғояҳои сулҳхоҳона ва неки Сарвари нави давлат Эмомалӣ Раҳмон дар тафаккури ҳар як сокини солимфикри Тоҷикистон нақши бориз гузошта, мардуми шарифи Тоҷикистонро ба корҳои нави созандагӣ ҳидоят ва орзуву ормони халқро ба бунёди давлати демократӣ, зиндагии судманду осоишта қавӣ намуда, боиси афзоиши боварии шаҳрвандон ба роҳбарияти нави давлат, муттаҳидии онҳо дар атрофи Сарвари нави миллат Эмомалӣ Раҳмон гардиданд. Иҷлосия ба дилшикастагӣ, рӯҳафтодагӣ ва нобоварии шаҳрвандон ба фардои худ хотима гузошт, дар дили мардум бедории миллиро ба миён овард.
Мутаасифона, дар солҳои аввали истиқлолият мамлакат ба фишорҳои беруна ва дохилии қувваҳои бадхоҳ дучор шуда, дар кишвар ҷанги шаҳрванди оғоз гардида, давлат ба мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ гардид. Дар солҳои ҷанг ҳокимият фалаҷ ва иқтисодиёт хароб гашт, аксарияти сохторҳои давлат қариб, ки фаъолият намекарданд. Ҷанги гражданӣ ҳаёти садҳо нафарро рабуда, зиёда аз 1 миллион сокинони мамлакат гуреза шуданд. Пас аз ба даст овардани созиши миллӣ дар соли 1997, барои ба эътидол овардани вазъи ҷамъиятию сиёсӣ, бесилоҳ гардонидани дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва ба Ватан баргардонидани гурезагон боз якчанд соли дигар лозим омад. Ба ҳаёти орому осоишта мо танҳо дар соли 2000 шурӯъ намудем. Дар шароити баъдиҷангии давлат, ки ягонагии идеявӣ мавҷуд набуд, қувваҳои алоҳида мехостанд дар мамлакат режими коммунистӣ ва ё давлати исломиро барпо намоянд.
Вале роҳбарияти сиёсӣ ва аксарияти мардум роҳи демократии тараққиётро интихоб намуданд, ки асосашро эътироф ва эҳтироми ҳуқуқи инсон дар бар мегирифт. Аз ин рӯ мақоми ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳамчун арзиши олӣ ба тариқи конститутсионӣ мустаҳкам карда шуда, базаи зарурии ҳуқуқию қонунгузорӣ ва механизми институтсионалии ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ташкил карда шуд.
Аҳамияти дигари таърихии Иҷлосияи XYI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст, ки роҳбарияти нави давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон аз лаҳзаҳои аввал роҳи қонунии эъмори давлати тозабунёдро пеш гирифта, нуфузи қонунро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа эътироф намуда ва роҳи қонунии рушди минбаъдаи ҷомеа, давлати Тоҷикистонро пурра дарк карда буд.
Дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷъму 74 санади ҳуқуқӣ, чуночӣ 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот аз ҷумла қонунҳо дар бораи авфи умумӣ, гурезагон, имтиёзҳо барои маъюбони ҷанги шаҳрвандӣ ва оилаҳое, ки саробони хешро аз даст дода буданд қабул карда шуд, ки нақши онҳо ҷиҳати ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар басо бузург аст. Он тадбирҳое, ки дарҳол пас аз анҷоми кори Иҷлосия андешида шуданд, аз он гувоҳӣ медоданд, ки роҳбари нави давлат бо мақсади ба эътидол овардани вазъи мамлакат роҳи қонунии рушди ҷомеаро пеш гирифтааст.
Ҳамин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ буданд, ки ҳидоятгари сокинони кишвар дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, бахшидани гуноҳои якдигар шуданд. Орзуву омоли халқро ба бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ташкили зиндагонии осоишта қавӣ намуда, боиси афзудани эътимоди шаҳрвандон ба ҳокимияти конститсионӣ гардид.
Иҷлосия рамзҳои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро аз нав муқаррар кард, ки аз сарнавиштсоз будани ин Иҷлосияи таърихӣ дарак медиҳад. Дар иҷлосия қонуни Ҷумуҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парчами давлатии Тоҷикистон», қарор «Дар хусуси тасдиқи Низомномаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуда, ба Конститутсия дар бахши рамзҳои давлатӣ тағироту иловаҳо ворид карда шуданд.
Тавре Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд: «Гуворотарин лаҳазот қабули Парчаму Нишони Тоҷикистон буд. Ин лаҳзаҳои таърихӣ ҳеҷ гоҳ аз хотири иштирокдорони Иҷлосия фаромӯш нахоҳад шуд».
Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар собит намуд, ки пешрафти ҷомеа ва давлат, ҳаёти шоистаи зиндагии одамон, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон танҳо дар шароити сулҳи иҷтимоӣ ва вахдати миллӣ имконпазиранд. Тоҷикон дар тӯли ин солҳо аз таҷрибаи талхи таърихи наздики худ ҳамеша ёдовар шуда, сулҳ ва ваҳдати миллиро чун неъмати бебаҳо пос медоранд. Таҳияи садҳо китобҳо ва мақолаҳои олимону муариххон оид ба ин дастоварди бузурги таърихӣ имрӯз насли ҷавонро дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ватандорӣ тарбия намуда, барои онҳо беҳтарин раҳнамо мебошад.
Муҳақиқи руйдоди муҳими таърихии Иҷлосия, дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Юлдошев Р., ин Иҷлосияро дар се самт таҳкимбахш номида, онро басо тақдирсоз ҳисобидааст.
Якум, халқ ҳокимияти қонуниро ҷонибдорӣ кард.
Дуюм, дар Иҷлосия ба ҳамдигарфаҳмӣ манфиати Ватанро аз манфиати шахсӣ боло гузоштан замина гузошта шуд.
Сеюм ба идоракунии давлат намояндагони неруҳои сиёсии гуногунақида дар асоси боварӣ ба ҳамдигар ҷалб карда шуданд.
Аз андешаҳои олимон бармеояд, ки тоҷикон миллати тамаддунсоз ва фарҳанговар мебошанд, анъанаҳои миллӣ, аз ҷумла ғояҳои сулҳҷӯёнаи гузаштагони худро пос медоранд. Роҳбари давлат низ зикр намудааст, ки «Маҳз хиради азалӣ ва фарҳанги сулҳофари миллати шарафманди тоҷик буд, ки баъди ҳазор сол мо имкон пайдо намудем, то ба ҷомеаи башарӣ бо асолату ҳувияти миллии худ ворид гардем ва дар он мақоми шоиставу сазовори худро соҳиб шуда, манфиатҳои миллиамонро ҳимоя намоем».
Мебояд қайд намоем, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши қонунгузорӣ ва инкишофи ислоҳоти конститутсионии мамлакат саҳифаи нав кушода, барои таҳия ва қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон замина гузошт. Қабул ва тағйироту иловаҳои ба Конститутсия ворид гашта аз он шаҳодат медиҳанд, ки роҳбарияти нави сиёсии давлат таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон тарафдори сулҳу осоиш, зиндагии осудаҳолона ва арзандаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ, ҷонибдори эъмори давлати ҳуқуқбунёди демократӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.
Якдилии вакилони Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муттаҳидии онҳо дар бахши дарку эҳсоси якдилонаи масъалаҳои муҳими тақдирсози мамлакат, ҳисси баланди масъулиятшиносии онҳо дар ҳалли масъалаҳо, қабули қарорҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мусоидат намуд, ки минбаъд заминаи таъмини ваҳдати миллӣ ва рушди ҷомеа гардиданд.
Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон - мақоми олии назорати молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мақоми мазкур ҳарчанд баъд аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти аудити мустақили беруна оид ба баҳодиҳӣ ба иҷрои буҷети давлатӣ таъсис ёфта бошад ҳам, дар ин давра мавқеи худро нигоҳ дошта, вазифаҳои худро бо назардошти вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат, баҳри таҳкими сулҳу осиштагӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, пешрафти ҳаёти мухталифи ҷомеъа ва давлат, пурзӯрнамоии фаъолияти соҳаи молияи давлатӣ ва мақсаднок истифодабарии маблағҳои буҷети давлатӣ дар сатҳи хубу сифати баланд амалӣ намуда истодааст.
Ҳамаи муваффақиятҳои пешрафти иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангии ҷомеаи Тоҷикистон, ки дар тӯли 30 соли охир ба даст омаданд, бо шарофати Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муяссар гаштанд.
Дар тӯли 30 соли баъд аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ дигаргуниҳои куллӣ ба вуқӯъ пайвастанд. Ҳадафҳо ва вазифаҳои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо назардошти дигаргуниҳои куллӣ дар дохили кишвар ва дар арсаи ҷаҳонӣ аниқтар шуданд.
Дар солҳои баъд аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон боварии халқ ба Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари сиёсӣ ва пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, ба Ҳукумати Тоҷикистон, Маҷлиси Олӣ ва дигар ниҳодҳои давлатӣ боло рафт.
Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 апрели соли 2012 зикр гардид: «Иҷлосияи таърихии 16-ум сохти конститутсиониро дар кишвари тозаистиқлоли мо барқарор сохта, барои ташкил ва фаъолияти пурсамари тамоми сохторҳои давлатӣ асоси қонунӣ гузошт ва Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ мардуми бо амри таърих парешонгаштаи моро ба ҳам оварда, ваҳдати саросарии халқи Тоҷикистонро таъмин намуд ва барои тараққиёти минбаъдаи иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии давлати соҳибистиклоламон заминаи боэътимод фароҳам овард».
Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ дар воқеъ Иҷлосияи тақдирсоз буда, хатари аз байн рафтани давлати соҳибистиклоли тоҷиконро, ки пас аз ҳазор сол миллати тоҷик ба он сарфароз гашта буд, бартараф намуд. Пас аз баргузории ин Иҷлосияи таърихӣ тоҷикон бори дигар имкон пайдо намуданд, ки дилпурона ва дар шароити сулҳу ваҳдати миллӣ ба эъмори давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ шурӯъ намоянд. Чунин имконияти таърихӣ ҳама вақт ба даст намеояд. Истифодаи оқилонаи ин имконияти таърихӣ, заҳмати содиқона ва софдилона баҳри ободии Ватани маҳбуби мо вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Аз ин рӯ, вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон дар баробари ифтихор аз ин сулҳе, ки дастоварди бузурги таърихист, ҳамчун сарвати муқаддаси миллӣ ҳифз кардани он буда, бо баланд гардидани маърифати ҳуқуқии ҷомеа, таъмини волоияти қонун ва музаффариятҳои он устувор мегардад.

Шарифбек Шарифзода,
сардори шуъбаи ҳуқуқи
Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аксхо

 
Силкаҳои лозима