Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Машғулияти омӯзишии навбатӣ баргузор гардид

Санаи 31 октябри соли 2022 дар  Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини раис, сараудиторон ва дигар кормандон он, машғулияти омӯзишӣ оид ба муҳтаво ва иҷрои нақшаи чорабиниҳои Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 баргузор гардид.
Дар оғози суханронии худ, муовини раиси Палатаи ҳисоб, Файзалӣ Аҳмадзода таҳияи Барномаи мазкурро аз амалӣ намудани чораҳои маҷмӯӣ ва саривақтии сиёсати ҳуқуқии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба ҷинояткорӣ арзёбӣ намуда, равона гардидани тамоми қувва ва имкониятҳоро дар муқовимат ба ҷинояткорӣ, бахусус ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта, пешгирӣ ва бартараф намудани омилҳои ба қоидавайронкуниҳои молиявӣ мусоидаткунанда муҳим ҳисобид.
Мавсуф қайд намуд, ки ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолии кишвар бо ташаббусу ибтикороти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми тадбирҳои мушаххасу мақсаднок баҳри амалӣ гардидани фазои суботу оромии ҷомеа, пешрафти соҳаҳои мухталифи кишвар равона шуда, дар ин замина як қатор санадҳои қонунгузорӣ ва меъёрии ҳуқуқӣ дар кишвар таҳия гардидааст, ки яке аз онҳо Барномаи мазкур мебошад.
Сипас, сардори шуъбаи ҳуқуқи Палатаи ҳисоб, Шарифбек Шарифзода ба сухан баромада, оид ба мақсад, вазифаҳо ва самтҳои асосии Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 ибрози назар намуд.
Номбурда қайд карданд, ки иҷрои нақшаи чорабиниҳои барномаи мазкур баҳри баланд бардоштани самаранокии тафтиш ва пешгирии ҷинояткорӣ, паст намудани сатҳи ҷинояткорӣ дар мамлакат, такмил додани фаъолияти сохтори давлатӣ ва ҷамъиятӣ, огоҳкунии кирдори зиддиҳуқуқӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ, ҳамчунин бартараф намудани оқибатҳои манфии онҳо равона гардида, дар ин замина баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, боварии онҳоро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти идоракунии давлатӣ, таъмини ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, манфиатҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ аз таҷовузи ҷиноятӣ ба миён меоварад.
Ҳамзамон, Шарифзода оид ба тамоюли паст ва баландшавии ҷиноятҳои хавфноки муосир – терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, савдои одамон, коррупсия, дигар ҷинояткории муташаккилона ва фаромиллӣ андешаронӣ намуда, пурзӯр намудани нақши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятиро дар асоси нақшаи чорабиниҳои таҳиягардида, ба мақсад мувофиқ шуморид.
Дар интиҳо, музокираи мавзуи мазкур баррасӣ гардида, иштирокчиён баҳри амалишавии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, беҳтар намудани батанзимдарории ҳуқуқии пешгирии ҷинояткорӣ, аз ҷумла дар соҳаи иттилоот, коррупсия, терроризму экстремизм, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, савдои одамон ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба ин гуна зуҳурот мусоидаткунанда, рушди ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, баланд бардоштани боварии шаҳрвандон нисбати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самаранок ҳифз намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон дар хориҷи кишвар ва таҳким бахшидани ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи таъмини амнияти миллӣ изҳори назар намуд.
Ҳамин тавр, машғулияти омӯзишӣ дар фазои мубодилаи афкор ва саволу ҷавобҳои мушаххасу мақсаднок дар Палатаи ҳисоб анҷом ёфт.

Шуъбаи ҳуқуқи
Палатаи ҳисоб

Аксхо

 
Силкаҳои лозима