Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Забони тоҷикӣ, яке аз забонҳои ғаниву дорои таърихи бой аст

Ман имрӯз хело хушбахт ҳастам, ки ҳамчун раиси Комиссия оид ба амалисозии ҚҶТ “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар Палатаи ҳисоб дар ҳузури Шумо оид ба мақом ва муҳимияти забони давлатӣ арзи сухан менамоям.
Вазифаи ба душ доштаи ман масъулияти забондонӣ, суханронӣ ва сухангуию сухансанҷии манро дучанд намуда, водор менамояд, ки ин муқаддасоти миллиро дар замири ҳар як корманди Палатаи ҳисоб боз ҳам бедор намоям.
Хело хуб медонем, ки Палатаи ҳисоб аз оғози таъсисёбии худ, оид ба “Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳамасола нақшаву чорабиниҳо таҳия намуда, раванди коргӯзорӣ, ҳуҷҷату сандаҳои дохилиидоравӣ ва беруниро бо забони давлатӣ ба роҳ монда, дар ин самт пайваста чорабиниҳои мушаххасро амалӣ менамояд.
Тибқи талаботи қонунгузории ҷорӣ ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст забони давлатиро донад. Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода, ҳимоя ва рушди забони давлатиро таъмин менамояд.
Бояд қайд намоем, ки ҳар як давлат хоҳ хурд бошад, хоҳ бузург бо забон зинда аст ва забон яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ ва муқаддасоти миллӣ ба ҳисоб меравад. Барои нест намудани як давлат аввал забон, сипас таъриху фарҳанги онро аз байн мебаранд.
Пушида нест, ки Истиқлолият барои рушди ҳаматарафаи забони ноби тоҷикӣ шароити мусоидро фароҳам овард. Ҳанӯз соли 1995 дар замоне, ки гурӯҳи қудратманде ба ҷойи забони модарӣ бо забони яроқу силоҳ ва зӯроварӣ гап мезаданд, Президенти мамлакат ҳамон замон нақши беандоза доштани забонро таъкид карда, бо боварии комил қайд карда буданд, ки “Забони модарии мо, имрӯз низ қодир аст ҳамон рисолати таърихии худро идома диҳад ва барои густариши робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ба давлатҳои минтақа мусоидат кунад”.
Ҳамин буд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ забони хонаводагию кӯчагӣ ба забони миллӣ, коргузорӣ, сиёсӣ, давлатӣ табдил ёфт. Ин забон ҳоло баробари Парчам, Суруди миллӣ ва Нишон яке аз рукнҳо ва рамзҳои муайянкунандаи миллату давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудааст.
Бо қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 5-уми октябри соли 2009, №533, забони тоҷикӣ аҳамияти давлатӣ пайдо карда, масъулияти ҳар як шаҳрванди ҷумҳуриро боло бардошт. Қонун аз 7 боб ва 28 модда иборат мебошад. Яке аз тадбирҳои ҳадафмандонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи сиёсати давлат дар бораи забон, таҳия ва пешниҳоди Барномаи стратегии рушди забони давлатӣ дар кишвар ба ҳисоб меравад, ки он дар татбиқи ҳадафҳои созандаи ин сиёсат барои солҳои тӯлонӣ ҳамчун раҳнамои муфид истифода шуда истодааст.
Аҳли зиёи кишвар, омӯзгорону олимон кӯшиши зиёд мекунанд то забони тоҷикӣ ҳамчун забони илм омӯзонида шавад. Албатта, ин ҷо саҳму мақоми гузаштагонамонро ёдовар бояд шавем, ки бо шарофати саҳми онҳо мо метавонем саҳифаҳои гузаштаи қадимаи худро варақ занем. Ин моро вазифадор менамояд, ки беҳтарин анъанаҳои илмии ниёгонро идома диҳем, пойдор гардонем ва рушд бахшем. Мо аз ҳар се давраи таърихии ташаккули забонамон садҳо асарҳоро медонем, ки маҳз бо ҳамин лафзи тоҷикӣ китобат шуда, бархе то ин замон расидаанд. Бисёр гуворост, ки имрӯз ҳам олими тоҷик андешаву тахайюл ва ихтирооту кашфиёташонро бо ин забон метавонад манзур кунанд.
Боиси ифтихор аст, ки дар ҳама давру замон миллати тоҷик сипари боэътимод, ганҷи гаронбаҳои ниёгон-забони модариро аз даст надодааст.
Забони тоҷикӣ, воқеан ҳам, аз забонҳои ғановатманду бонуфузи ҷаҳон аст ва аз ин ҷост, ки хориҷ аз қаламрави он ҳам донишмандони зиёде ба ин забон таваҷҷуҳ зоҳир кардаву ба он аз сари меҳру ихлос мақолаву рисолаҳо навиштаанд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ забони тоҷикӣ ба мақоме, ки дар замони Сомониён дошт, бори дигар расид. Агар ба таърихи 15-20-солаи забонамон нигарем, чораву тадбирҳои ҳукуматро нисбат ба забон ба андозае зиёд мебинем, ки мислаш дар тӯли зиёда аз ҳазор сол ба назар нарасида буд. Дар ҳақиқат, чунин аст. Қабул шудани қарору қонунҳои дахлдор дар бораи забон, қоидаи имлои забони тоҷикӣ, таҷлили ҷашнҳои миллӣ дар саросари ҷумҳурӣ ва ҷаҳон, ҷаҳонӣ гаштани Наврӯз, эҳёи Меҳргону Сада, ҷо ба ҷо кардани ҷашнвораҳои миллӣ дар тақвим, бузургдошти шахсиятҳои таърихию адабӣ, шинохти асолати миллӣ, чопи садҳо асари илмию адабӣ ва таърихӣ, таъсиси мактабу донишгоҳҳои нав, симо ва садои миллӣ, шӯроҳои илмӣ, академияҳои соҳавӣ, Комиссияи олии аттестатсионӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра далели гуфтаҳои болост.
Соли 2020 ҷилди дуюми китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - «Забони миллат - ҳастии миллат» аз чоп баромад. Он аз сарсухан, 7 боб, 40 фасл ва хулоса иборат буда, дар «Нашриёти муосир» бо сифати баланд ба табъ расидааст.
Муаллиф ҳадафи аслии чопи китобро дар сарсухан чунин баён кардааст: «Барои ман забони тоҷикӣ на танҳо воситаи гуфтугӯю муошират ба шумор меравад, балки болотар аз он, шиносномаи миллати азизам, рӯҳу поки гузаштагонам ва оинаи осори ниёгонам мебошад. Аз ин рӯ, ман ба ин забони шевои шоирона сидқан арҷ мегузорам, бо ҳиси баланди ватандӯстӣ аз минбарҳои баланд бо ин забон сухан мегӯям, аз лаҳни шакарину дилнишинаш лаззати маънавӣ мебарам ва ҳастиамро бо ҳастии забон пайванд медонам.».
Ҳамин тариқ, «Забони миллат — ҳастии миллат» вазъи забонро дар давраҳои гуногун мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор додааст. Албатта, пас аз нооромиву нобасомониҳо дар он давраҳои бисёр шадид кас бовар намекунад, ки аз ин забон, фарҳанг ва миллат осоре боқӣ мемонад, вале новобаста ба хунрезиҳо, вайронкориҳо ва харобкориҳо шахсиятҳои бузургу маъруф забону миллатро зинда нигоҳ доштанд.
Дар олам наметавон забонеро дарёфт, ки танҳо бо имконияту ғановати дохилии хеш ба соҳибзабонашон хизмат карда бошад. Забони мо аз оғози пайдоишаш то имрӯз, ҳатто дар айёми мураккабтарини таърихӣ вазифаашро сазовор адо намуда, мояи ифтихор буд ва ҳаст. Бигузор забони тоҷикӣ ҳамчун яке аз рукнҳои асосии ҳастии миллат, нишони давлату давлатдории миллӣ ва чун рамзи ҳамбастагӣ ва иттиҳоди воқеии ҳама сокинони Тоҷикистон озоду соҳибистиқлол ҳамеша устувору поянда бошад.
Забони модариро дӯст доред.
Шумо, ки ворисони рӯзгоред,
Барои ҳар каломи софу покаш,
Даруни синаҳо ҳайкал гузоред.
Иди забони давлатӣ ба кули мардуми тоҷик самимона мубораку фархӯнда бод!

Абдуқаҳор Мирзозода, сараудитори Палатаи ҳисоб

Аксхо

 
Силкаҳои лозима