Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Таъмини суботу ҳамдигарфаҳмӣ ва пешгирии руҳияи тундгароӣ

Таҷрибаи ҷаҳонӣ ва ватании мубориза бо экстремизм ва терроризм нишон медиҳанд, ки ба пайдоиш ва таҳрики тундравӣ ва ифротгароӣ омилҳои гуногуни айниву зеҳнӣ мусоидат ё мамониат карда метавонанд.
Мавзуе, ки санаи 19 сентябри соли 2022 бо иштироки роҳбарият ва дигар кормандон дар толори Палатаи ҳисоб матраҳ карда шуд, ба мақсад, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм бахшида шуда, фарогирӣ чораҳои пешгирӣ ва муқовимат ба экстремизм ва террориз буд.
Зимни суханронии худ, сардори шуъбаи ҳуқуқи Палатаи ҳисоб Шарифбек Шарифзода дар назди ҳамкорон, ки зиёда аз 100 нафарро ташкил менамуданд, оид ба сиёсати ҳуқуқии давлат дар самти экстремизм ва терроризм, асоси санадҳои қонунгузории экстремизм ва терроризм, мақсад ва вазифаҳои Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025, моҳияти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» ва «Дар бораи муқовимат ба терроризм» изҳори назар намуд.
Қайд карда шуд, ки дар Стратегия омилњои ба тундравӣ ва ифротгароӣ мусоидаткунанда дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, инчунин дар байни гурӯҳҳои мухталифи аҳолӣ бахусус диндорон, ҷавонон, занон, муҳоҷирони меҳнатӣ, маҳкумшудагон ва ғайра арзёбӣ гардида, роҳҳои аз байн бурдани ин омилҳо нишон дода шудаанд. Стратегияи мазкур 13 самти фаъолиятро дар соњаи пешгирии экстремизм ва терроризм муайян намуда, дар ташаккули фарҳанги волои сиёсии ҷомеа ва ҳифзи ҳуқуқии шахс, таъмини суботу ҳамдигарфаҳмӣ ва пешгирии руҳияи тундгароӣ дар ҷомеа, инчунин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва риояи қатъии ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон дар назди мақомоти давлатӣ вазифаҳои мушаххасро гузоштааст.
Муовини раиси Палатаи ҳисоб Файзалӣ Аҳмадзода дар раванди гузариши семинар-машварат низ баромад намуда, нақши Асосгузори сулњу Вањдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои онро дар самти пешгирӣ, муқовимат, ташаккули фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва таҳаммулгароӣ дар ҷомеа, муттаҳид намудани кӯшишҳои мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ махсус арзёбӣ намуд. Иброз доштанд, ки мавҷудияти андешаҳои миллии муттаҳидкунанда, ҳифзи ваҳдату ягонагии мардум, бақои давлатдории миллӣ ва бунёди садди устувор дар роњи вуруд ва пањншавии ғояҳои тундрав маҳсуб меёбад.
Дар интиҳои семинари мазкур, аз ҷониби иштирокдорон саволҳо оид ба моҳият ва мафҳумҳои алоҳидаи меъёрҳои қонунгузории соҳавӣ, фаъолияти ғайриқонунии ташкилотҳои экстремистию террористӣ дода шуда, дар ин бора ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

                                                                                                                                                                                          Шуъбаи ҳуқуқи Палатаи ҳисоб

Аксхо

 
Силкаҳои лозима