Дар таърихи ҳар як халқу давлат санаҳои мондагоре мавҷуданд, ки онҳоро бешакку шубҳа санаҳои сарнавиштсоз номидан мумкин аст ва арзиши онҳо ба ҳазорсолаҳо баробар аст. Ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, ки 31- сол муқаддам қабул гардидааст, аз ҷумлаи ҷашнҳои муборак ва фаромӯшнопазир дар таърихи халқи тоҷик маҳсуб меёбад.
Бояд ёдовар шавем, ки 31 сол қабл - 9 сентябри соли 1991 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум дар иҷлосияи ғайринавбатии худ дар асоси Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990 Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳибистиқлол эълон намуда, «Изҳорот дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул кард. Бо қарори мазкур 9 - сентябр ҳамчун рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид.
Ҳамакнун дарахти Истиқлоли мо дар 31 сол бар асари парвариш ва кору пайкори Пешвои муаззами миллат сар кашиду тановар шуд, шохањои сарсабзи соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва ягонагии он азиму пурқувват гашта ба азму иродаии қавии Президенти мамлакат бор оварданд.
Сиёсати мардумпарваронаи давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамбастагии халқу давлатро баланд бардошт, сафару сӯҳбатҳои ҳамарӯзаашон бо ҷамъияти кишвар боиси ташаббусҳои нав ба нави созанда гашта, ба соҳаҳои гуногуни ҳаёти мамлакат рушду такомули тоза бахшиданд.
Ба шарофати Истиқлол ва Сарварии Ҷаноби Олӣ орзуҳои наҷиби тулонии халқи шарифамон амалӣ гардид, милати тоҷик аз шоҳроҳи худогоҳию худшиносӣ қадамҳои устувор бардошта, ба дастовардҳои бузурги сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ноил шуда, ҳамчун рукни комилҳуқуқ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи сазовори худро пайдо намуд. Дар ин давра пояҳои соҳибистиқлолии давлат барқарору мустаҳкам шуд, ягонагии марзу буми кишвар таҳким ёфт, зиндагии мардум ба сулҳу ваҳдат ва шодию фаровонӣ расид, фарҳанги деринаумри мо рушду нумӯи тоза пайдо кард.
Шоҳроҳҳои замонавӣ на фақат гӯшаву канорҳои дурдасти кишварро ба ҳам, балки моро бо олами бузург пайвастанд, Тоҷикистони азизи мо аз як кишвари дури дар канормонда, ба арсаи муносибатҳову муроқибатҳои ҷаҳонӣ табдил ёфт.
Мо аз он сарфарозем, ки Ҷаноби Олӣ, Сарвари созандаву барозандаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хиради асолатшиноси сиёсӣ ва фарҳанги миллии бостониамонро тавони ҷавониву ҷаҳонӣ бахшида, онро аз бунбасти коммуникатсионӣ ба чорсӯи ҷаҳонӣ пайваста, халқи диёри хуррамзаминамонро монанди Наврӯзи фирӯз барои ҷаҳониён муаррифӣ намуд.
Таҳаммулпешагии ҳикмати сиёсии Пешвои муаззами миллат эҷоди сулҳамонро намунаи наҷотбахши моҷароҳои байналамилалӣ намуда, ташаббусҳои беназири он дар самти об, ҳаёти ҳазоронро аз ташнагӣ ва қитъаҳои беҷони заминро обшору бӯстон гардонида истодааст.
Сафарҳои ҳамешагии кориашон ба тамоми гушаю канори мамлакат возеҳу рӯшан нишон медиҳанд, ки кулли сокинони он аз даргоҳи Худованд қудратмандию саодатмандӣ ва бегазандии давлатдории муосирро аз Сарвари давлат таманно менамоянд.
Ҳамин аст, ки аз баракати Истиқлол сарзамини тоҷик саршори файзу баракати Худовандӣ гардида, дастурхони табиату мардум пур аз нозу неъмати алвон ва дилҳоямон лабрези масаррату фараҳмандист.
Пушида нест, ки Тоҷикистон бо шарофати истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, барои амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии миллӣ ҳамаи заминаҳои заруриро фароҳам овардааст. Қабули Конститутсияи нав дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тақсими ҳокимият ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, таъсиси ниҳоди президентӣ, парламенти дупалатагӣ ва Суди конститутсионӣ, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин бисёр равандҳои дигари сохтори давлатӣ, асосан унсурҳои пешрафтаи давлатдории кишварамон маҳсуб меёбанд. Ғайр аз ин як қатор қарорҳое, ки баҳри гузариш ба муносибатҳои бозорӣ қабул гардиданд, қобили таҳсин мебошанд. Аз ҷумла ғайримилликунонӣ ва хусусигардонии моликияти давлатӣ, озодкунии иқтисодӣ, эътироф ва кафолати ҳифзи шаклҳои гуногуни моликият ва ғайраҳо ба ин мисол шуда метавонанд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ба даст омадаанд.
Бинобар ин, Истиқлолият барои ҳар як шаҳрванди тоҷик, азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллӣ, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад, ки дар тақдири халқи куҳанбунёди мо гардиши куллиро ба вуҷуд овардааст. Аз ин лиҳоз, ин санаи сарнавиштсоз барои мо муқаддастарин ҷашн мебошад.
Имрӯз мардуми шарафманди Тоҷикистон хуб дарк намудаанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, дар як муҳлати кутоҳтарин бо ба ҷо овардани рисолати бузурги давлатдорӣ, яъне роҳбарӣ кардани давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, таъмин намудани фаъолияти муназзаму босамари рукнҳои давлатдорӣ, амнияти ҷомеа ва давлат, волоияти қонун, рушди бомароми иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва муҳимтар аз ҳама, боз ҳам беҳтар гардонидани шароити зиндагиву рӯзгори сокинони мамлакатро бамаротиб баланд бардорад. Бо ин пешравиҳо миллати тоҷик бо сарвар ва кишвари худ фахру ифтихор мекунанд.
Бинобар ин ба бунёдгузори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, сулҳ ва ваҳдати миллӣ ва бо мақсади тақвияти асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзӣ, якпорчагии Ватан, суботу пойдории давлати Тоҷикистон, таҳкими демократия, таъмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон ва бевосита барои хизматҳои бузургу беназир мақоми олии намояндагӣ ва қунунгузори мамлакат соли 2016 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат” қабул намуд. Дар ин замина мардуми шарифманди Тоҷикистон, Президенти мамлакат муҳтарам Э.Раҳмонро ба унвони олии “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат” сазовор донистанд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дастовардҳои бузурги таърихии даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон беназиранд. Чунончӣ бунёди роҳҳои ободу бехатар, гузариш ба низоми иқтисоди бозаргонӣ, зиёд намудани ҳаҷми воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, рушди иқтисоди миллӣ, таъмиру таҷдиди шоҳроҳҳои маҳалӣ ва сатҳи байналмилалӣ, роҳҳои оҳан, иқтидорҳои нави энергетикӣ ва интиқоли нерӯи барқ, зиёд гардидани корхонаҳои саноатӣ, сохтмон ва азнавсозии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ, ҳамчунин муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, биноҳои баландошёнаи замонавии истиқоматӣ ва ғайра ба ин рост меоянд.
Ҳамаи ин ташаббусҳо бо мақсади аз имрӯза беҳтар ва бо дастовезҳои арзандаи миллати некномамон расидан, равона гардидааст. Гузашта аз ин, баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои мухталифи ҷомеа аз иқдомҳои дигари пайгиронаи Президенти мамлакат ба ҳисоб меравад.
Муссалам аст, ки имрӯз забон ва фарҳанги миллати тоҷик ғанӣ гардидааст. Истиқлолият барои рушди ҳаматарафаи забони ноби тоҷикӣ шароити мусоидро фароҳам овард. Забони модарии мо, дар замони соҳибистиқлолӣ ба мақоме, ки дар замони Сомониён дошт, бори дигар расид. Сарвари давлат фарҳанг ва забони ноби тоҷикиро аз минбари баланди СММ муаррифӣ намуд.
Дар ин давра мероси мусиқии «Шашмақом» ва «Фалак», ҷашнҳои Нав¬рӯз, Меҳргон, Тиргон ва Сада дубора эҳё гардид. Дар натиҷа, «Шашмақом», «Саразм», «Боғи миллии Тоҷикистон», «Наврӯз» ва «Чакан» ба Феҳристи мероси ҷаҳонӣ ва Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шуд.
Муддати 31- сол даҳҳо ҷашну чорабиниҳои муҳим, аз ҷумла ҷашни 1100 - солагии давлатдории Сомониён, 2700 - солагии китоби муқаддаси «Авасто», Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ, Имоми ¬Аъзам, 1150 - солагии устод Рӯдакӣ, 1000 - солагии Носири Хусрав, 800 - солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 700 - солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Камоли Хуҷандӣ, 2700 - солагии шаҳри Кӯлоб, 2500 - солагии шаҳри Истаравшан, 3000 - солагии маданияти Ҳисор, 5500 - солагии Саразми бостонӣ ва даҳҳо ҳамоиш ба шарофати Истиқлолият баргузор гардид.
Ғайр аз ин, бунёд ва ба фаъолият оғоз кардани бинои нави Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 10 миллион нусха китоб, Осорхонаи миллӣ, Кохи Наврӯз, Наврӯзгоҳ, театри шаҳри Хоруғ ва 40 қасри фарҳанг дар маркази шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз дастовардҳои арзишманди фарҳангии тоҷикон дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ба ҳисоб мераванд.
Тоҷикистон муаллифи чаҳор ташаббуси бузург, аз ҷумла, «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об - барои ҳаёт» солҳои 2005 - 2015, «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об - барои рушди устувор» солҳои 2018 - 2028 мебошад, ки аҳамияти глобалӣ доранд.
Ҷалби ҳарчи бештари таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба дарёфти роҳҳои муассири муқовимат ба хатару таҳдидҳои замони муосир, аз қабили терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ самти дигари талошҳои пайгиронаи давлати Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ва арсаи байналмилалӣ мебошад.
Бояд қайд намоем, ки бунёди давлати соҳибистиқлол бе заминаи қонунгузорӣ ҳеҷ аст. Дар оғози соҳибистиқлолӣ мамлакат, низоми қонунгузории кишвар хело заиф буд. Танҳо дар давраи солҳои 1995–2000-ум дар заминаи Конститутсияи нав 79 қонуни мукаммал, 5 қонуни конститутсионӣ ва 9 кодекс ҳамчун таҳкурсии меъёрии низоми босуботи ҳуқуқии кишвар таҳия гардида буд.
Имрӯз низоми мустақили ҳуқуқӣ кишваро 1 Конститутсия, 17 қонуни конститутсионӣ, 23 кодекс,16 қонуни авф, 2 қонуни авфи амвол ва 2 қонуни авфи шаҳрвандон бинобар қонунигардонии маблағҳояшон, 30 қонуни буҷет, 17 санади ҳуқуқии байналмилалии бисёрҷониба, 51 конвенсия, 964 шартномаю созишномаҳои байналмилалӣ, 369 қонуни соҳавӣ ва зиёда аз 17 ҳазор қарорҳои Ҳукумат ташкил медиҳанд.
Дар ин миён 3 кодекс ва зиёда аз 110 санади қонунгузорӣ вазифаҳои даврии худро иҷро карда, аз эътибор соқит дониста шуданд. Бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 маротиба лоиҳаи қонун «Дар бораи авф»-ро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ пешниҳод намуданд, ки онҳо якдилона қабул гардиданд.
Бо қабули ин қонунҳо дар маҷмӯъ нисбат ба зиёда аз 100 ҳазор нафар шаҳрвандон қарорҳо дар бораи озод кардан аз ҷазои таъиншуда, кам кардани муҳлати адои он ва озод намудан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ татбиқ гардиданд.
Бо ифтихор бояд қайд намоем, ки аз ҳама дастоварди муҳимтарин дар ин давра соҳиби муқаддасоти миллӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гаштан мебошад. Қабули рамзҳои давлатдорӣ, ба муомилот баровардани пули миллӣ, фароҳам овардани шароит барои рушди забон, фарҳанг ва суннату анъанаҳои миллиамон маҳз ба шарофати истиқлолу озодӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ муяссар гардидааст. Ин дастовардҳо барои Тоҷикистон дар байни халқиятҳои дунё ҳуқуқи баробар доштанро пайдо намуд. То имрӯз давлати мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва даҳҳо созмони байналмилаливу минтақавӣ бо зиёда аз 180 кишвари ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ, муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судманд дорад. Бинобар ин, Созмони Милали Муттаҳид ин иқдому ташаббусҳо ва фарҳанги сулҳи тоҷиконро ҳамчун таҷрибаи нодир эътироф намуда, барои дигар давлатҳо намунаи ибрат арзёбӣ кардааст.
Мардуми шарафманди Тоҷикистон ташаббусу корнамоӣ, нангу номуси баланди миллии ватансозию ватандории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муазамми миллат Эмомалӣ Раҳмонро қадрдонӣ намуда, Роҳбари давлатро, меъмори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мавридшиносу мавқепазир, мубалиғи ибратомӯзи ҳувияти миллӣ ва нангу номуси ватандорӣ дар саҳани сиёсати ҷаҳонӣ, таҳамулпазиртарин Президент дар партави худшиносии миллӣ, шукуҳу шаҳоматӣ миллати тамаддунофари тоҷикони ҷаҳон, шахсияти нодири таърихӣ ба бахти миллати тоҷик, ҳамрадифи Курӯши кабир ва Исмоили Сомонӣ дар таърихи башар, ҳадияи Худованд дар мақому мартаба ва ҷойгоҳи маърифати умумибашарӣ муаррифӣ намудаанд.Дар ин маврид қалами шоири тоҷик онро интишор намудааст, ки
Худро фидо дар роҳи паймон кардааст,
Сад биёбонро гулистон кардааст.
Сарзамини пора -пора гаштаро,
Ҷамъ карда Тоҷикистон кардааст.
Боварии комил дорем, ки халқи маҳанпарасти тоҷик, бо аҳду паймони қавии худ, таҳти сиёсати пайгиронаи Пешвои муаззами миллат дар самти ободӣ, озодӣ, сулҳу ваҳдати миллӣ, азми ватансозиву ватандорӣ ба сӯйи зиндагии осуда, эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ боз ҳам роҳи васеъ мекушоянд ва ба он низ қодир ҳастанд.
Орзу менамоем, ки Истиқлолият ба ҳар як шаҳрванди соҳибдилу озодаи мамлакат, саломатӣ, умри дароз, бахту саодат, зиндагонии осуда ва комёбиҳо оварад.
Шарифбек Шарифзода,
Сардори шуъбаи ҳуқуқи
Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон