Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Арзёбии хавфҳои аудиторӣ

Санаи 22 августи соли 2022 бо иштироки муовини раис, сараудиторон ва дигар кормандони Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон зери мавзӯи “Арзёбии хавфҳои аудиторӣ” машғулияти таълимӣ баргузор гардид.
Сараудитори Палатаи ҳисоб Маҳмадализода Маҳмурод дар ифтитоҳи суханронии худ, оид ба моҳият ва намудҳои хавфҳои аудиторӣ ибрози назар намуда, қайд карданд, ки аудиторон ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ дар тамоми ҷараёни аудит эҳтимолияти хавфҳои аудиториро бояд, ба инобат гиранд.
Ҳамчунин қайд карда шуд, ки баҳисобгирии хавфи аудиторӣ зимни арзёбии мавзуъ ва ё санҷиши бевоситаи ҳисобот аҳамияти муҳим дошта, дар рафти аудит ба аудиторон зарур аст, ки ҷанбаҳои хавфи аудиторӣ, аз қабили хавфи ҷудонопазир, хавфи сохтори назоратӣ ва хавфи ошкор нагардидани камбудиҳоро нисбат ба мавзӯи аудит ва тартиби ҳисоботдиҳӣ, яъне дорои хусусиятҳои миқдорӣ ва сифати будани мавзӯи аудит, зарурати ифода карда шудани ақида ва хулоса дар ҳисоботи аудиторӣ бояд, тарҳрезӣ гардад. Зимни баромад қайд карда шуд, ки аҳамияти нисбии ҷанбаҳои зикршудаи хавфи аудиторӣ аз хусусияти мавзӯи аудит, таъмини эътимоднокии кофӣ ва ё маҳдуд (нопурра), арзёбии мавзӯъ ва ё санҷиши бевоситаи ҳисобот вобастагӣ дорад.
Сипас муовини раиси Палатаи ҳисоб Аҳмадзода Файзалӣ ба мавзӯи мазкур иловатан равшанӣ бахшида қайд намуданд, ки “Хавфи аудиторӣ” ин мутобиқат надоштани ақида, хулоса ва ҳисоботи аудиторӣ ба ҳолатҳои воқеии аудитро ифода менамояд. Дар ин замина зарур шумориданд, ки амалисозии аудит дар объектҳои зери аудит қароргиранда ба таври дахлдор ба роҳ монда шуда, идоракунии хавфҳо ва ё то сатҳи ниҳои паст намудани он таъмин карда шавад.
Инчунин зикр карда шуд, ки доираи фарогирии аудит аз аҳамиятнокии мавзуъ ва хавфҳо вобастагӣ дошта, аз рӯйи он доираи баррасии меъёру талаботи қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайян карда мешавад. Дар маҷмуъ банақшагирии ҷараёни аудит бояд тавре ба роҳ монда шавад, ки тамоми ҳаҷми аудитро фаро гирифта бошад.
Дар интиҳои баррасии мавзуъ оид ба хавфҳои ҷудонопазир, назорат ва ошкор, омилҳои баррасишавандаи он миёни кормандон ва баромадкунандагон мубодилаи афкор сурат гирифта, иштирокунандагон аҳмиятнокии мавзӯи мазкурро дар пешгирӣ ва бартараф намудани омилҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта муфид арзёбӣ намуданд.

Аксхо

 
Силкаҳои лозима