Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Ошкоркунии қоидавайронкуниҳо аз ҷониби Палатаи ҳисоб

Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни гузаронидани аудити молиявӣ дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Нафту газ” ва сохторҳои он дар давраи моҳи майи соли 2019 то моҳи майи соли 2022 ба маблағи 143 696,74 сомонӣ қоидавайронкуниҳои молиявиро муайян намуд.
Ин маблағҳо асосан аз ҳисоби хароҷотҳои ғайриқонунии пулию молӣ 28 438,21 сомонӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 4 311,79 сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 70 000,0 сомонӣ, маблағи кам ҳисобгардида ва рӯйпуш намудаи андозҳо 40 946,74 сомонӣ, дар маҷмуъ ба қадри 143 696,74 сомониро ташкил дода ва ба буҷет барқарор карда шуд.
Ҳамзамон, натиҷаи аудити молиявии дурустии истифодаи маблағу воситаҳои Ҷамъият дар Дастгоҳи маркази қоидавайронкуниҳои молиявиро аз ҳисоби камомади хазина ба маблағи 560,19 сомонӣ, камомади молу маводҳои арзишдор дар зиммаи 8 нафар шахсони масъул 1 690,0 сомонӣ, барзиёд ҳисоб ва пардохт намудани музди меҳнат ба 29 нафар кормандон 7 070,71 сомонӣ, барзиёд ҳисоб ва пардохт намудани сафархарҷиҳо дар 11-ҳолат ба маблағи 1 107,50 сомонӣ ва маблағи кам ҳисобгардида ва рӯйпуш намудани андозҳо 28 846,74 сомонӣ, ҷамъ ба маблағи 39 275,14 сомонӣ қоидавайронкуниҳои молиявӣ муайян ва ба буҷет барқарор карда шуд.
Зикр гардид, ки дар натиҷаи гузаронидани аудити молиявӣ истифодабарии маблағҳои буҷетии мазкур дар ҶСК «Суғднафтугаз» қоидавайронкуниҳои молиявӣ аз ҳисоби хароҷотҳои ғайриқонунии пулию молӣ ба маблағи 20 260,0 сомонӣ, камомади молу маводҳои арзишдор дар зиммаи 4 нафар шахсони масъул 2 061,60 сомонӣ, барзиёднависї дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 70 000,0 сомонӣ ва маблағи кам ҳисобгардида ва рӯйпуш намудани андозҳо 12 100,0 сомонӣ, ҷамъ ба маблағи 104 421,60 сомонӣ муайян ва ба буҷет барқарор карда шуд.
Бо назардошти қоидавайронкуниҳои молиявии муайянгардида, ҷиҳати бартараф намудани онҳо тибқи муқаррароти моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба масъулини Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Нафту газ” ва сохторҳои тобеи он ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо якчанд тавсияи судманд ирсол карда шуд.
Маврди ба зикр аст, ки ҶСК “Нафту газ”-и Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2010 дар заминаи КВД “Нафту газ”-и ҳамин вазорат таъсис дода шуда, муассиси он Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, мақомоти ваколатдори он вазорати мазкур мебошад.

Аксхо

 
Силкаҳои лозима