Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Коррупсия - яке аз монеаҳои ҷиддии рушди ҷомеа

Рӯзи 8 июли соли равон, дар Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар робита ба сиёсати пешгирифтаи зиддикоррупсионии давлат ва омилу сабабҳои ба коррупсия мусоидаткунанда бо иштироки муовинони раис, сараудиторон ва дигар кормандони мақоми олии назорати молиявӣ машғулияти таълимӣ баргузор гардид.
Шарифбек Шарифзода, сардори шуъбаи ҳуқуқи Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар робита ба масъалаи коррупсия, таърих, падидаҳо, низоми қонунгузорӣ, сабабу пайдоиш, мафҳум, андешаҳои олимону мутафаккирон, сиёсати пешгирифтаи зиддикоррупсионии давлат дар ин самт ва дигар омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда суханронӣ кард.
Мавсуф афзуд, ки масъалаи коррупсия имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст ва кишваре нест, ки дар он ин падидаи номатлуб ҷой надошта бошад.
“Коррупсия дар баробари дигар хатарҳои ҷаҳонӣ, ба мисли терроризм, экстремизм, паҳнашавии маводи мухаддир ва дигар хатарҳои нав ба нав, таъсири манфии худро ба сатҳи иқтисоди иҷтимоӣ ва сиёсии давлатҳо, ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва билохира ба ҳар як шаҳрванд, мерасонад”,- гуфт Шарифбек Шарифзода.
Зикр гардид, ки ин падида оромӣ ва суботи ҷомеаро заиф намуда, ҳисси боварии шаҳрвандонро ба қонунҳои давлатӣ ва шахсони мансабдори давлатӣ ва ҷамъиятӣ коста мегардонад.
Ӯ дар идома аз иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, алалхусус бо коррупсия ёдовар шуда, зикр кард, ки роҳбарияти сиёсии кишвар таҳти сарварии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ноил гардидани ҷумҳуриамон ба соҳибихтиёрӣ дар қатори дигар масъалаҳои муҳими сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба масъалаи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, алалхусус бо коррупсия таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, чорабиниҳои муҳимеро таҳия ва дар амал татбиқ намудаанд, ки он имрӯз низ бо иқдомоти нав идома ёфта истодааст. Яъне сиёсати зиддикоррупсиониро аз рӯзҳои нахустини давлатдорӣ ҳамчун инкишофи фаъолияти давлатӣ дар муқовимат бо коррупсия ва пешгирии он мустаҳкам намуданд.
Номбурда, аз таърихи пайдоиши коррупсия ёдовар шуда, нисбат ба “Қонуни 12-ҷадвал” дар Рими қадим, қонуни “Хамураппӣ” дар Бобулистони қадим ва дигар махазҳои таърихию ҳуқуқӣ, ки вобаста ба сатҳи муборизаи давлатҳои нахустин алайҳи ришвадиҳӣ ва дигар кирдорҳои номатлубе, ки ба ҷиноятҳои иқтисодии муосир шабеҳанд, иттиллоъ дод.
Ҳамзамон, оид маҳкум гардидани ришва дар динҳои ҷаҳон мисолҳо оварда, қайд кард, ки мухсусан дар дини Ислом омадааст, ки "Ришвагиранда, ришвадиҳанда ва миёнаравӣ байни ҳарду дар оташи дӯзаханд, ин гуна ашхосро Худованд сазовори лаьнат хондааст”.
Инчунин, оид ба санадҳои байналмилалӣ аз ҷумла Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия, ки асосҳои ҳуқуқии пешгирӣ ва мубориза бо коррупсияро аз ҷониби давлатҳои аъзо ва меъёрҳои самти фаъолиятро ба танзим медарорад, ёдовар шуд.
Мавсуф бо ишора аз ташаббусҳои беназири Президенти кишвар муҳматарм Эмомалӣ Раҳмон дар самти қабули як қатор санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқӣ зиддикоррупсионӣ ва тағйиру иловаҳо воридгардида ба он, ваколатҳои субъектҳои муқовимат ба коррупсия, пешгирии коррупсия ва роҳҳои амалигардонии он, тарғибу ташвиқи зиддикоррупсионӣ, таълиму тарбияи зиддикоррупсионӣ, таҳлили хавфҳои коррупсионӣ, мониторинги зиддикоррупсионӣ, экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ва дигар чораҳои иловагии пешгирикунандаи ҳолатҳои коррупсионӣ изҳори назар кард.
Дар охир, байни иштироккунандагон дар робита ба омил ва сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидакунанда мубодилаи афкор сурат гирифт.

Аксхо

 
Силкаҳои лозима