Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Ширкати кормандони Палати ҳисоб дар семинари байналмилалӣ оид ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ

Рӯзи 18 июли соли 2022 кормандони Палатаи ҳисоб дар доираи Шӯрои роҳбарони мақомоти олии аудити давлатии (назорати молиявии)–аъзои давлатҳои ИДМ дар семинари байналмилалӣ оид ба табодули таҷрибаи Палатаи ҳисоби Федератсияи Русия тариқи маҷозӣ ширкат намуданд.
Дар рафти семинар иштирокчиён дар мавзӯи «Таҷрибаи Палатаи ҳисоби Федератсияи Россия оид ба аудити камбизоатӣ» баромад намуданд.
Зикр гардид, ки масъалаҳои асосии вохӯрӣ ба «Натиҷаҳои фаъолияти экспертию таҳлилӣ», «Арзёбии робитаи рушди иқтисодӣ ва сатҳи камбизоатӣ», «Моделсозии натиҷаҳои пардохти кӯмакпулӣ ба табақаи камбизоат» ва «Арзёбии ноил шудан ба ҳадафи миллии паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар нақшаҳои гуногун» бахшида шуда буд.
Дар ин видеоконфронс зиёда аз 30 нафар намояндаи МОА-и кишварҳои ИДМ ширкат варзиданд.
Семинар дар фазои хуб, муколамаи созанда ва ҳусни тафоҳум ба анҷом расид.

 

 

 

 

Аксхо

 
Силкаҳои лозима