Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Ширкат дар семинари байналмилалӣ

7 июни соли 2022 кормандони Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семинари байналмилалӣ оид ба табодули таҷрибаи Палатаи ҳисоби Федератсияи Русия дар доираи Шӯрои роҳбарони мақомоти олии аудити (назорати молиявӣ) - давлатҳои аъзои ИДМ тариқи маҷозӣ ширкат намуданд.
Дар рафти семинар иштирокчиён дар мавзӯи «Истифодаи таҷҳизоти рақамии маълумотҳо ва баланд бардоштани савияи дониши рақамикунонӣ» маърӯза намуданд.
Зикр гардид, ки масъалаҳои асосии вохӯрӣ ба «Истифодаи таҷҳизотҳои таҳлили маълумотҳо дар аудити давлатӣ», «Таҳияи ҳисоботи автоматӣ», «Истифодаи панелҳои иттилоотӣ барои санҷиши лоиҳаҳои миллӣ», «Кор бо мутахассисон барои баланд бардоштани савияи дониши рақамӣ» ва «Барномаҳо ҷиҳати рушди кормандон дар соҳаи рақамикунонӣ » бахшида шуда буд.
Қобили зикр аст, ки Шӯрои роҳбарони МОА-и давлатҳои узви ИДМ бо мақсади таъмини ташкили ҳамкориҳои мақомоти назорати олӣ, ҳамоҳангсозии ҳамкории онҳо ва табодули таҷрибаи корӣ таъсис дода шудааст.

Дар фарҷом миёни ширкаткунандагон мубодилаи афкор сурат гирифта, вохӯрӣ дар фазои солим ва ҳусни тафоҳум ба анҷом расид.

Аксхо

 
Силкаҳои лозима