Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Ҷамъбасти фаъолияти панҷмоҳа дар Палатаи ҳисоб

Рӯзи 1 июни соли ҷорӣ дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси Палатаи ҳисоб, Қарахон Чиллазода ва доираи васеи кормандон ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти панҷмоҳаи соли 2022 баргузор гардид.
Ҷаласаро Қарахон Чиллазода оғоз намуда, зикр намуданд, ки Палатаи ҳисоб бо мақсади таъмини иҷрои саривақтию сифатноки даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ ва истифодаи шаффофу самараноки маблағҳои буҷетӣ дар вазорату идораҳо, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 74 чорабинии аудиторӣ гузаронида, ба маблағи 105 515,2 ҳазор сомонӣ қоидавайронкуниҳои молиявиро муайян намуд.
- Аз ҷумла, аз маблағи умумии қоидавайронкуниҳои молиявии ошкоргардида, хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ 11866,2 ҳазор сомонӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 396,2 сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 5789,5 ҳазор сомонӣ, зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ 318,2 сомонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ 52279,4 ҳазор сомонӣ, маблағҳои кам ҳисобигардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо, пардохтҳои ҳатмӣ ва дигар пардохтҳо ба буҷети давлатӣ 33434,3 ҳазор сомонӣ ва пардохт накардани суди саҳмияҳои ба давлат тааллуқдошта 1430,9 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, - зикр намуданд Қ. Чиллазода.
Зикр гардид, ки дар робита ба бартараф намудани камбудию норасоиҳои ошкоргардида, чораҳои мушаххас андешида шуда, товони қоидавайронкуниҳои молиявӣ ба маблағи 105632,1 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла ба буҷет 46913,6 ҳазор сомонӣ, ба корхонаҳо 52891,3 ҳазор сомонӣ ва тавассути мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 5827,2 ҳазор сомонӣ барқарор карда шуд, ки 99,3 фоизи маблағи умумии қоидавайронкуниҳои молиявиро ташкил медиҳад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар рафти чорабиниҳои аудиторӣ 30 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва моддӣ кашида шуда, аз ҷумла 2 нафар аз аз вазифаашон озод карда шуданд. Инчунин 27 мавод ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати чорабинӣ супорида шуд.
Сипас, дар ҷаласа ҳисоботи сараудиторони Палатаи ҳисоб шунида шуд.
Дар охир, дар натиҷаи фаъолияти Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар панҷ моҳ ва вазифаҳо барои давраҳои минбаъда қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Аксхо

 
Силкаҳои лозима