Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Иштироки кормандони Палатаи ҳисоб дар Дави миллӣ

Рӯзи 15 майи соли ҷорӣ, бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Кормандони Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар қатори дигар ширкаткунандагон бо маҳорати баланди варзишӣ дар Дави миллӣ ширкат карданд.
Дар Дави миллии имсола, 45 230 нафар ширкат варзиданд, ки аз ин шумор 17 524 нафар бонувон ва дар марафони велосипедронӣ 1 320 нафар иштирок намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ аз деҳаи Чорбоғ оғоз гардида, то Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе идома ёфт ва ғолибон бо диплому ифтихорномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Аксхо

 
Силкаҳои лозима