Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Ширкати кормандони Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи маҷозӣ

Валимат Мавлонзода, сардори Раёсати стандартҳо, таҳлил, рушд ва ҳамкории байналмилалӣ ва Вероника Маҳмудова, мудири шуъбаи рушди ҳамкориҳои байналмилалии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи XVIII Гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи стандартҳои назорати давлатии молиявии (аудити) мақомоти олии аудит (МОА) давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шакли маҷозӣ, ки рӯзи 29 апрели соли 2022 баргузор гардид, фаъолона ширкат намуданд.
Ҷаласаи мазкур бо ибтикороти Мақоми олии аудити Ҷумҳурии Қазоқистон тибқи иҷрои нақшаи чорабиниҳо барои давраи солҳои 2021-2023 дар мавзуъҳои “Арзёбии таъсироти сиёсати давлатӣ дар самти дастгирии давлатӣ”, “Тартиби гузаронидани аудити маҷмуии ҳисоботҳои молиявӣ” ва инчунин ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Нақшаи корӣ баргузор гардида, дар кори он намояндагони ниҳодҳои олии назорати молиявии Озарбойҷон, Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Молдова, Федератсияи Россия, Ӯзбекистон, Қазокистон ва Қирғизистон иштирок карданд.
Дар рафти чорабинӣ табодули афкору дониш ва таҷриба сурат гирифта, ҳамзамон, муҳокимаи масъалаҳои дигари марбут ба фаъолияти минбаъдаи гурӯҳи корӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ёдовар мешавем, ки ҷаласаҳои Гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи стандартҳои назорати давлатии молиявии кишварҳои узви ИДМ тибқи ҷадвали тасдиқшуда мунтазам баргузор мешаванд.

Аксхо

 
Силкаҳои лозима