Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Омӯзиш баҳри баланд бардоштани савияи дониш дар Палати ҳисоб

Рӯзи 11 апрели соли равон ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбии кормандон дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти омӯзишӣ баргузор гардид. Чунин омӯзиш ҳар ҳафта гузаронида мешавад.
Машғулиятро Файзалӣ Аҳмадзода, муовини раиси Палатаи ҳисоб оғоз намуда, гуфт, ки такмили дониши касбӣ барои ҳар корманд зарур аст ва чунин машғулиятҳо маҳз ба хотири баланд бардоштани савияи дониш, табодули андешаҳо ва билохира, рушди фаъолияти касбии ҳар як корманд ташкил ва гузаронида мешавад.
Сипас, Зафар Раҳмонзода, сараудитори Палатаи ҳисоб дар мавзӯи “Стандартҳои ҳисоботи молиявии бахши давлатии Тоҷикистон” маърӯза намуд.
Бояд гуфт, ки курсҳои такмили ихтисос, бо фармони Раиси Палатаи ҳисоб аз 5 октябри соли 2021 таҳти №41 доир мегардад, ки барои баланд гаштани савияи касбии кормандон мусоидат хоҳад кард.
Дар охир, доир ба мавзӯи баррасишаванда мубодилаи афкор сурат гирифт.

Аксхо

 
Силкаҳои лозима