Рӯзи 8-уми апрели соли ҷорӣ дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рӯнамоии лоиҳаи нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ семинар-машварат баргузор гардид.
Нахуст, Файзалӣ Аҳмадзода, муовини Раиси Палатаи ҳисоб баромад намуда, дар мавриди мақсад ва вазифаҳои Палатаи ҳисоб маърӯза намуд.
Зикр гардид, ки Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз таъсисёбӣ дар таҳияи санаду меъёрҳои ҳуқуқӣ, дастурамалҳо, Кодекси одоби кормандони Палатаи ҳисоб ба дастовардҳои муайяне ноил гардидааст.
Сипас, Зиёмидин Шаробидинзода, Роҳбари дастгоҳи иҷроияи Палатаи ҳисоб таҳрири нави Қонуни Палатаи ҳисобро муаррифӣ кард.
Дар охир, байни иштирокчиён дар мавзӯи баррасишаванда мубодилаи афкор сурат гирифт ва таъкид шуд, ки хулосаҳоро бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа хоҳанд кард.