Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Баррасии фаъолияти семоҳаи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз, 5-уми апрели соли 2022 дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси Палатаи ҳисоб, Қарахон Чиллазода ва доираи васеи кормандон ҷаласаи ҳайати мушовара баргузор гардид.
Дар ҷаласа, масъалаҳои “Ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Палатаи ҳисоб дар семоҳи якуми соли 2022”, “Баррасии хулосаи Прокуратураи генералӣ оид ба натиҷаи санҷиши фаъолияти Палатаи ҳисоб дар соли 2021” ва “Вазифаҳо барои давраи минбаъдаи соли 2022” мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҷаласаро Қарахон Чиллазода оғоз намуда, гуфт, ки Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” зикр гардидаанд ва нақшаи чорабиниҳои аудиторӣ дар семоҳаи якуми соли 2022 як қатор корҳоро ба сомон расонид.
Аз ҷумла, Палатаи ҳисоб бо мақсади таъмини иҷрои саривақтию сифатноки даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ ва истифодаи шаффофу самараноки маблағҳои буҷетӣ дар вазорату, идораҳо, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 43 чорабинии аудиторӣ гузаронида, қонунвайронкуниҳои молиявиро ба маблағи 21,7 млн. сомонӣ муайян намуд. Чорабиниҳои аудиторӣ нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ ба миқдори 3 адад ва қонунвайронкуниҳои молиявии ошкоргардида ба маблағи 8,6 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Зикр гардид, ки аз маблағи умумии қоидавайронкунии молиявии ошкоргардида, хароҷотҳои ғайриқонунии пулию молӣ 7184,3 ҳазор сомонӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 78,3 ҳазор сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 3464,2 ҳазор сомонӣ, зарар аз фурӯш ва идораи амволи давлатӣ 212,0 ҳазор сомонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ 1809,6 ҳазор сомонӣ, маблағҳои кам ҳисобигардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо 8251,6 ҳазор сомонӣ ва пардохт накардани суди саҳмияҳои ба давлат тааллуқдошта 689,2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
“ Оиди бартараф намудани камбудию норасоиҳои ошкоргардида, чораҳои мушаххас андешида шуда, товони қонунвайронкуниҳои молиявӣ ба маблағи 20719,5 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла ба буҷет 14123,2 ҳазор сомонӣ, ба корхонаҳо 2650,2 ҳазор сомонӣ ва тавассути мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 3946,1 ҳазор сомонӣ барқарор карда шуд”, - афзуд Қ. Чиллазода.
Сипас, ҳисоботи сараудиторони Палати ҳисоб шунида шуда, аз ҷониби роҳбарияти Палатаи ҳисоб ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолият дастуру тавсияҳои судманд дода шуданд.
Дар робита ба фаъолияти Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда қарорҳои дахлдор қабул гардид.
Дар охири ҷаласа, аз ҷониби Раиси Палатаи ҳисоб як қатор тағийроти кадрӣ гузаронида шуд.

Аксхо

 
Силкаҳои лозима