Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Вохӯрии панҷуми роҳбарони ниҳодҳои олии аудити кишварҳои Шанхай

31 марти соли 2022 дар шаҳри Исломобод таҳти раёсати Ҷумҳурии Исломии Покистон вохӯрии 5-уми роҳбарони ниҳодҳои олии аудити кишварҳои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ ) тариқи маҷозӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ роҳбарони ниҳодҳои олии аудити кишварҳои СҲШ – Тоҷикистон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Узбакистон ва Ҳиндустону Покистон ширкат намуда, дар вохӯрӣ иштирокдорон доир ба як қатор масъалаҳо, аз қабили “Аудити хароҷот барои мубориза бо Ковид-19”, “Таъсири “Ковид-19” ба ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор” ва “Аудити фосилавӣ “ мубодилаи афкор намуданд.
Қарахон Чиллазода, Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Таъсири “Ковид-19” ба ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор” баромад намуда, ба ҳамкориҳои гуногунҷанбаи минбаъда изҳори умедворӣ намуданд.
Дар ҷаласа ширкаткунандагон ба имзои протоколи ҷаласа ва Нақшаи чорабиниҳо дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои мақомоти олии аудитии кишварҳои узви СҲШ барои солҳои 2022-2023 овоз доданд.
Тибқи қарори навбатӣ ҷаласаи 6-ум СҲШ соли 2023 дар шаҳри Деҳлии Ҷумҳурии Ҳиндустон баргузор хоҳад гашт.
Маврид ба зикр аст, ки вохӯрӣ дар ду сол як маротиба гузаронда мешаванд. Бо мувофиқаи тарафҳо вазифаҳои ҳамоҳангсоз ба ҷониби қабулкунанда вогузор карда мешаванд.
Механизми мулоқоти раҳбарони ниҳодҳои олии назоратии кишварҳои узви СҲШ соли 2010 таъсис шуда буд, ки бо ташаббуси муштараки ниҳодҳои олии аудити Чин ва Русия сурат гирифтааст. Дар ҳоли ҳозир ба ассотсиатсия ниҳодҳои олии аудити ҳашт кишвар - Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Узбекистон шомиланд.

 

Аксхо

 
Силкаҳои лозима