Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Дар Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор гардид

2 феврали соли 2022 дар асоси Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассиса, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, таҳти № АП – 1729 дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир ба фаъолияти Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва натиҷаҳои санҷишҳои аудиторӣ дар соли 2021 баргузор гардид.
Нишасти матбуотӣ бо иштироки Раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон Қарахон Чиллазода, муовинони Раиси Палата, Файзалӣ Аҳмадзода ва сараудиторони соҳавию шахсони масъули Палатаи ҳисоб ва доираи васеи хабарнигорони дохилию хориҷӣ доир гардид.
Раиси Палатаи ҳисоб, Қарахон Чиллазода нишасти матбуотиро оғоз намуда, изҳор дошт, ки Палатаи ҳисоб ҷиҳати иҷрои қонунгузории соҳавӣ ва дастуру супоришҳое, ки аз паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бармеояд ва дастуру супоришҳое, ки дар маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 октябри соли 2020 баён намуданд, инчунин нақшаи чорабиниҳои аудиторӣ дар соли 2021 як қатор корҳоро ба сомон расонидааст.
Аз ҷумла, бо мақсади таъмини иҷрои саривақтиву сифатноки даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ ва истифодаи шаффофу самараноки маблағҳои буҷетӣ Палатаи ҳисоб дар ин давра дар вазорату идораҳо, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 247 чорабинии аудиторӣ гузаронида, зарари молиявиро ба маблағи 282,8 млн. сомонӣ муайян намуд, ки нисбат ба соли қаблӣ шумораи объектҳои мавриди аудит қарордодашуда 25 адад кам ва зарари молиявии ошкоргардида ба маблағи 30,5 млн. сомонӣ зиёд аст.
Гуфта шуд, ки оиди бартараф намудани камбудию норасоиҳои ошкоргардида чораҳои мушаххас андешида шуда, зарари молиявӣ ба маблағи 274,5 млн. сомонӣ, аз ҷумла ба буҷет 108,4 млн. сомонӣ, ба корхонаҳо 136,6 млн. сомонӣ ва тавассути мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 29,5 млн. сомонӣ барқарор карда шуд, ки 97,1 фоизи маблағи умумии зарари молиявиро ташкил дода, нисбат ба соли қаблӣ ба маблағи 47,0 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Ҳамзамон, ҷиҳати таъмини арзёбӣ вобаста ба истифодаи мақсаднок ва самараноки маблағҳои барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ҷудогардида дар ин давра чорабиниҳои аудиторӣ дар 19 марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ гузаронида шуд, ки дар натиҷа аз ҳисоби изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ, риоя нагардидани воридоти андоз дар қисми даромади буҷет ва дигар хароҷотҳои ғайриқонунӣ зарари молиявӣ ба маблағи 13,5 млн. сомонӣ муайян гардид, ки нисбат ба соли қаблӣ шумораи объектҳои мавриди аудит қарордодашуда 2 адад кам ва зарари молиявии ошкоргардида ба маблағи 9,9 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Қайд гардид, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудию норасоиҳои молиявӣ ба вазорату идораҳо, марказҳои лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҷмуъ 39 хулоса ва мактубҳои ахборотӣ бо 429 тавсияҳои судманд ирсол карда шуда, аз баррасии онҳо бо иштироки кормандони Палатаи ҳисоб 40 қарору фармон қабул гардида, 199 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва моддӣ кашида шудаанд, аз ҷумла 10 нафар аз вазифаашон озод карда шуданд.
Дар қисмати саволу ҷавоби нишасти матбуотӣ намояндагони Воситаҳои ахбори оммаи дохилию хориҷӣ ба саволҳои худ дар мавриди масоили мухталифи иқтисодию иҷтимоӣ посухҳои мушаххас гирифтанд.
Дар хотимаи нишаст Раиси Палатаи ҳисоб Қарахон Чиллазода ба намояндагони воситаҳои ахбори омма барои ҳамкории судманд, инъикоси воқеъбинонаи фаъолияти аудитории ин ниҳод изҳори сипос намуда, барои боз ҳам вусъат бахшидани ҳамкориҳои самарабахш омодагии хешро баён кард.

Аксхо

 
Силкаҳои лозима