Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Ҷаласаи ҷамъбастӣ доир ба фаъолияти аудиторӣ дар соли 2021

6 –уми январи соли 2022 дар Палати ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва доираи васеи кормандон маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти аудиторӣ дар соли 2021 баргузор гардид.
Ҷаласаро Раиси Палатаи ҳисоб Чиллазода Қарахон оғоз намуда, доир ба фаъолияти мақомот дар соли 2021 ва нақшаҳои корӣ барои соли 2022 суханронӣ намуд.
Зикр гардид, ки Палатаи ҳисоб ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таъмини волоияти қонун, пурзӯр кардани интизоми иҷроия ва меҳнат, фаъолияти худро тибқи талаботи қонунҳои амалкунанда ба роҳ монда, аз тамоми воситаю имкониятҳо истифода бурда, барои боз ҳам беҳтар намудани арзёбии истифодаи шаффофу мақсадноки Буҷети давлатӣ, пешгирӣ намудани омилҳои коррупсионӣ мунтазам тадбирҳои зарурӣ хоҳад андешид.
Ҳамзамон бо мақсади таъмини иҷрои саривақтиву сифатноки даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ ва истифодаи шаффофу самараноки маблағҳои буҷетӣ Палатаи ҳисоб дар ин давра дар вазорату идораҳо, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 247 чорабиниҳои аудиторӣ гузаронида, зарари молиявиро ба маблағи 282,8 млн. сомонӣ муайян намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ шумораи объектҳои мавриди аудит қарордодашуда 25 адад кам ва зарари молиявии ошкоргардида ба маблағи 30,5 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Оиди бартараф намудани камбудию норасоиҳои ошкоргардида чораҳои мушаххас андешида шуда, зарари молиявӣ ба маблағи 274,5 млн. сомонӣ, аз ҷумла ба буҷет 108,4 млн. сомонӣ, ба корхонаҳо 136,6 млн. сомонӣ ва тавассути мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 29,5 млн. сомонӣ барқарор карда шуд.
Дар фарҷоми ҷаласа Раиси Палатаи ҳисоб Чиллазода Қарахон ҷиҳати ноил гардидан ба дастоварду натиҷаҳои назаррас дар соли навбатӣ ба воҳидҳои сохторӣ дастуру супоришҳои нав дода, кормандони мақомотро бештар ба кирдори беғаразона, содиқона, ҳисси масъулиятшиносӣ ва риояи талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафти иҷрои вазифаю ӯҳдадориҳои касбӣ ҳидоят намуданд.

 

Аксхо

 
Силкаҳои лозима