Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Шарҳу тавзеҳи муқаррароти стратегияҳои муқовимат ба коррупсия ва экстремизму терроризм

Рӯзи 28-уми декабри соли равон ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025” ва инчунин Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар Палатаи ҳисоб вохӯрии намояндагони Прократураи генералӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати васеи кормандони Палата баргузор гардид.
Муовини Раиси Палата Файзалӣ Аҳмадзода ҳадафи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030-ро пешгирӣ намудан аз амалҳои коррупсионӣ ва ҳолатҳои сӯиистифода аз вазифа, роҳ надодан ба қабули қарорҳои хусусияти коррупсионидошта ва амалҳои ба ин монанд муаррифӣ карда, афзуд, ки кормандони Палатаи ҳисоб пайваста барои пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ саҳми хешро хоҳанд гузошт.
Сипас, нозири Сарраёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Раҳмонзода оид ба муҳиммияту зарурати қабул гардидан ва мавриди амал қарор дода шудани Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 маълумоти муфассал манзур намуд.
Қайд гардид, ки танҳо дар соли 2020 аз ҷониби мақомоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми гузаронидани таҳлилу мониторинҳои таъмини иҷроиши ин барномаҳои зидди коррупсионӣ нисбати зиёда аз 400 шахси мансабдор парванда оғоз карда шуда нисбаташон ҷазои ҷарима татбиқ гардидааст.
Ҳамзамон, вобаста ба пешгирии зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла терроризм ва экстремизм миёни ҷомеа аз ҷониби намояндаи Прокуратураи генералӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Ализода Аминҷон, намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуд, ки имрӯз Ситод доир ба масъалаи пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ таъсис дода шуда, якҷо бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аксари шаҳрвандони ба созмонҳои террористӣ шомилшуда муайян гардида, нисбат ба шахсони гунаҳгор чораҳои қонунӣ андешида шудаанд.
Мавриди зикр аст, ки вохӯрии кормандони Палатаи ҳисоб бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббус ва даъвати Роҳбарияти Палатаи ҳисоб баргузор гардида, мақсад аз он таҳкими корҳои тарғиботӣ дар самти баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионӣ ва зиддитеррористӣ ба ҳисоб меравад.

Аксхо

 
Силкаҳои лозима