Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 сола шуд

Рӯзи 10 декабри соли 2021 дар Палатаи ҳисоб ба ифтихори 10 –умин солгарди таъсисёбии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси Палатаи ҳисоб, муовинон, сардорони раёсату шуъбаҳо ва доираи васеи кормандон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Сараввал, Раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон Қаррахон Чиллазода ҳозиринро ба муносибати 10 - солагии Палатаи ҳисоб табрик намуда, дар мавриди нақш ва зарурати ташкили Палатаи ҳисоб дар Тоҷикистон, ҳамчунин дастовардҳои он дар муддати 10 соли фаъолият суханронӣ намуд.
Мавриди зикр аст, ки тибқи қонунгузории Тоҷикистон Палатаи ҳисоб мақоми олии назорати молиявии кишвар мебошад, ки аудити мустақили берунаро оид ба баҳодиҳӣ ба иҷрои буҷети давлатӣ анҷом дода, ҷиҳати такмили он пешниҳод омода месозад. Ваколати Палатаи ҳисоб вобаста ба гузаронидани аудити мустақили беруна ба тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатии Тоҷикистон паҳн мегардад. Тавассути гузаронидани аудит Палатаи ҳисоб ҳамасола ҷиҳати баланд бардоштани сарфанокӣ, маҳсулнокӣ ва натиҷанокии фаъолияти субъектҳои бахши давлатӣ мусоидат мекунад.
Сипас, муовини Раиси Палатаи ҳисоб Ф. Аҳмадзода оид ба фаъолияти аудитории Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза кард.
Мавсуф зимни баромади хеш қайд кард, ки минбаъд низ, Палатаи ҳисоб ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таъмини волоияти қонун, пурзӯр кардани интизоми иҷроия ва меҳнат, фаъолияти худро тибқи талаботи қонунҳои амалкунанда ба роҳ монда, аз тамоми воситаю имкониятҳо истифода бурда, барои боз ҳам беҳтар намудани арзёбии истифодаи шаффофу мақсадноки Буҷети давлатӣ, пешгирӣ намудани омилҳои коррупсионӣ мунтазам тадбирҳои зарурӣ хоҳад андешид.
Дар идома, сардори шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус Х. Муқимзода фармоишҳоро дар бораи сарфароз гардонидани кормандони Палати ҳисоб ба рутбаҳои мушовири давлатӣ ва ифтихорномаҳои Палатаи ҳисоб қироат намуд.
Тибқи фармони Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, 10 нафар кормандони Палатаи ҳисоб барои саҳми назаррас дар фаъолияти корӣ бо “Ифтихорнома” сарфароз гардиданд.
Ҳамзамон тибқи фармони мазкур, ба 10 нафар корманди Палатаи ҳисоб рутбаи Мушовири хизмати давлатии дараҷаи 1, 2, 3 ва ба 16 нафар корманд Референти хизмати давлатии дорои дараҷаи 1, 2 ва дараҷаи 3 барои дастовардҳои хизматӣ дар баланд бардоштани самаранокии назорати давлатии молиявӣ, таъмини шаффофияти истифодаи маблағҳои давлатӣ ва қарзҳои давлатӣ рутбаҳои тахассусӣ дода шуд.
Ҷамъомади мазкур дар фазои идона ба анҷом расид.

Аксхо

 
Силкаҳои лозима