26-уми ноябри соли 2021 дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, доираи васеи кормандони Палата ва бо ҷалби мутахассисони соҳавӣ аз дигар вазорату идораҳо машғулияти омӯзишӣ дар мавзӯи “Мушкилиҳо ва муаммоҳо дар самти фаъолияти фосилавӣ” баргузор гардид.
Дар аснои он вобаста ба мавзуи зикргардида маърӯзачиён ибрози ақида намуданд.
Махсусан зикр гарид, ки айни замон, ки кулли сайёра бо пандемияи КОВИД-19 гирифтор гардида, мубориза бурда истодааст, фаъолияти фосилавӣ ва истифода аз технологияи иттилоотию комуникатсионӣ мавзӯи мубрами рӯз ба шумор меравад.
Тибқи барнома ба иштирокчиён тарзи истифодаи барномаи аудити фосилавӣ ва ҳукумати электронӣ, ки дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҳрезӣ гардидааст муарифӣ гардид.
Ёдовар мешавем, ки айни замон Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати гузаштан ба ҳукумати электонӣ ва рушди иқтисодиёти рақамӣ тамоми кушишу талошҳои худро ба харҷ дода истодааст ва дар ин замина парки технологии худро бо дастгирии молиявии ташкилотҳои байналмилалӣ бо муосиртарин таҷҳизотҳо таъмин намуд.
Семинар дар фазои мусоид муколамаи созанда ва ҳусни тафоҳум ба анҷом расид.