Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Парчам - сари баланди халқ

Имрӯз, 24-уми ноябри соли 2021 дар Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ба ифтихори таҷлили Рӯзи парчами Ҷумҳурии Тоҷикиситон бо иштироки Раиси Палатаи ҳисоб Қаррахон Чиллазода ва доираи васеи кормандон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
Баъди садо додани Суруди миллӣ, Қаррахон Чиллазода ҷаласароо ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба ифтихори ин санаи муҳими таърихӣ – Рӯзи Парчами давлатӣ табрик намуд.
Раиси Палата зикр кард, ки имсол Рӯзи Парчами давлатӣ дар соли барои тамоми мардуми Тоҷикистон таърихӣ – 30 - солагии истиқлолу озодии Тоҷикистон рост омад ва ин шаҳомати ҳарду ҷашнро боз ҳам баландтар кард.
- Дар баробари Суруди Миллӣ, Нишони давлатӣ ва забони модарӣ – Парчами давлатӣ низ барои мардум муқаддас аст,- гуфт Қ. Чиллазода.
Номбурда зикр намуд, ки агар забон қалби миллат бошад, парчамро метавон сари баланди халқ номид. Чунки ҳар ҷо парчам афрохта мешавад, мардуми кишвар бо сари баланд ба сӯи он менигаранд ва дар вуҷудашон ифтихори ватандорӣ дучанд эҳсос мешавад.
Баъдан, роҳбари дастгоҳи Палатаи ҳисоб З. Шаробидинзода дар мавзӯи “Парчами давлатӣ - муқаддасоти миллӣ” баромада намуда, гуфт, ки эҳтироми арзишҳои миллӣ, аз ҷумла Конститутсия, Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ ҳамчун ифодагари ифтихори миллӣ, пойдории давлат ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию таърихӣ ба ҳисоб меравад.
Дар идома, муовини раиси Палата Ф. Аҳмадзода ва дигар кормандон баромад намуда, изҳор доштанд, ки Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумор меравад.
Гуфта шуд, ки ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд.

Аксхо

 
Силкаҳои лозима