Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Палатаи ҳисоб

Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Палатаи ҳисоб
Имрӯз 16-уми ноябри соли 2021 дар Палатаи ҳисоб бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он ҳама кормандони Палатаи ҳисоб ширкат намуданд.
Чиллазода Қарахон, Раиси Палатаи ҳисоб сухани ифтитоҳиро оғоз намуда, кормандон ва мардуми кишварро ба ин рӯзи фархунда табрик намуданд.
Зикр гардид, ки таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории халқи тоҷик падидаи тозае мебошад, ки воқеан барои гиромидошти арзишҳои миллии мо аҳамияти ҳаматарафа дорад. Таҷлили ин рӯз на танҳо маънои эҳтиром ба шахсияти барҷастаест, ки тамоми ҳастии худро барои ободии кишвар ва беҳдошти зиндагии мардум сарф менамояд, балки нишонаи шинохт ва гиромидошти арзишҳои миллии халқи тоҷик мебошад.
Инчунин Чиллазода Қ. қайд намуд, ки воқеан, Эмомалӣ Раҳмон халқи гирифтори гирдоби нобудиро наҷот дод, ба кишвару миллати хеш сулҳу ваҳдат ва суботу амният овард. Ӯ пояи давлатдориро дубора аз сифр бунёд намуда, ҳуқуқро бо ғояҳои анъанавию миллӣ тарҳрезӣ кард, низоми молияро аз хазинаи холии тороҷшуда бунёд намуд, неъмати озодиву соҳибдавлатиро барои ташнагони беш аз ҳазорсола эҳдо кард, садои модари тоҷикро ҳамчун модари соҳибдавлат то ба созмонҳои байналмилалӣ расонида, мардуми парешонро атрофи дастархони сиёсии миллат муттаҳид кард.
Сипас, Аҳмадзода Файзалӣ, муовини Раис ва дигар кормандони Палатаи ҳисоб баромад намуда, зимни суханронии хеш иброз доштанд, ки интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин ниҳоди давлатӣ рӯҳ ва маънои бузург бахшида, мақоми президентиро ба як ниҳоди наҷотдиҳандаи давлат ва сарҷамъии миллат табдил дод.

 

 

Аксхо

 
Силкаҳои лозима