Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Баргузории маҷлиси тантанвӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия

5-уми ноябри соли 2021 бахшида ба 27-солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси Палата Чиллазода Қаррахон ва ҳайати васеи кормандони Палатаи ҳисоб ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
Баъд аз садо додани Суруди миллӣ, Раиси Палатаи ҳисоб муҳтарам Чиллазода Қ. сухани ифтитоҳиро оғоз намуда, ҳозиринро ба муносибати таҷлили ин санади тақдирсоз табрик намуда, доир ба муҳимияти Конститутсия барои миллат ва давлат суханронӣ намуд.
Зикр гардид, ки Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба истиқлолияти давлатӣ таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё карда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик ва тоҷикистониён асос гузошта, ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор гузошт.
Ҳамзамон Чиллазода Қ. қайд намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин санади олии ҳуқуқӣ, аз ҷониби коршиносон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ баҳои баланд гирифта, яке аз панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф шудааст.
Сипас, сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқ, Шаҳлои Қ. доир ба аҳаммияти бузурги Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули низоми қонунгузории мамлакат баромад намуда, қайд намуд, ки баъди қабули Конститутсия барои амалӣ намудани нишондоди он наздик ба 400 қонуни мукаммал қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд, ки танзими ҳуқуқии муносибатҳои навини ҷомеаро ба роҳ монда, барои бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёд, устувор гардонидани рукнҳои асосии давлатдорӣ, асосҳои сохтори конститутсионӣ ва идоракунии давлатӣ, барқарор намудани асосҳои сохти сиёсӣ ва иқтисодӣ шароит фароҳам овард.
Баъдан, муовини Раис Аҳмадзода Ф. ва дигар кормандон баромад намуда, зимни суханронии худ иброз доштанд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро санади сиёсӣ-ҳуқуқӣ, ҳуҷҷати сарнавиштсозу ифодагари азму иродаи халқи Тоҷикистон мебошад.

Аксхо

 
Силкаҳои лозима