Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Ҳамкориҳои судманд

Имрӯз, 18 октябри соли равон дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини раиси Палатаи ҳисоб Аҳмадзода Файзалӣ бо директори генералии ширкати байналмилалии “Кейсистемс”-и Федератсияи Руссия Алексей Матросов баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ, Ф. Аҳмадзода ҳузури меҳмононро ба Палатаи ҳисоб хайромақдам намуда, изҳор дошт, ки дар муддати тақрибан ду соли ҳамкорӣ миёни Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати байналмилалии “Кейсистема” муносибатҳои хуби ҳамкорӣ ва судманд ба роҳ монда шуда, ҷонибҳо ба муваффақияти чашмрас ноил шуданд.
- Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ тамоми соҳаҳои иқтисоди миллиро босуръат тараққӣ медиҳад. Ин аст, ки дар солҳои охир якчанд ҳадафҳои стратегии миллӣ бомуваффақият амалӣ шуданд,- зикр намуд Аҳмадзода Ф.
Мавсуф гуфт, Ҳукумати кишвар ба ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотии коммуникатсионӣ диққати махсус зоҳир менамояд ва ин раванд дар Палатаи ҳисоб низ ба таври назаррас дар ҳамкории ширкати мазкур идома дорад.
Дар охир, ҷонибҳо аз ҳамкориҳои мутақобил судманд изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки дар оянда низ ҳамкориҳоро идома дода, барои беҳтар намудани раванди кор дар ин самт ва гузаштан ба иқтисодиёти рақамӣ ҳамкорӣ хоҳанд кард.

Аксхо

 
Силкаҳои лозима