Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Натиҷаи фаъолияти аудитории Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2021

Рӯзи 13-уми октябри соли равон дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолияти аудитории Палатаи ҳисоб дар нуҳ моҳи соли 2021 ҷаласа баргузор гардид. Дар он аъзои Ҳайати мушовара, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони раёсату шуъбаҳо, мудирони бахшҳо ва кормандони Палатаи ҳисоб иштирок намуданд. Ҷасаларо Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Чиллазода Қарахон оғоз бахшида, аз натиҷаҳои аудитории бадастомада дар нуҳ моҳи соли 2021 ба таври мушаххас маълумот доданд.
Баъдан, сараудиторон вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти самти худ дар алоҳидагӣ ҳисобот доданд. Муайян гардид, ки Палатаи ҳисоб дар ин давра дар вазорату идораҳо, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 236 чорабинии аудиторӣ гузаронида, зарари молиявиро ба маблағи 147935,1 ҳазор сомонӣ муайян намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ шумораи объектҳои мавриди аудит қарордодашуда 55 адад ва зарари молиявии ошкоргардида 15143,5 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Аз маблағи умумии зарари молиявии ошкоргардида, хароҷотҳои ғайриқонунии пулию молӣ 49941,7 ҳазор сомонӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 8699,8 ҳазор сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 10287,9 ҳазор сомонӣ, зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ 914,0 ҳазор сомонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ 4446,8 ҳазор сомонӣ, талафи буҷет аз ҳисоби маблағҳои кам ҳисобигардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо, пардохтҳои ҳатмӣ ва дигар пардохтҳо ба буҷети давлатӣ 70656,9 ҳазор сомонӣ ва пардохт накардани маблағи суди саҳмияҳои давлатӣ 2988,0 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Оиди бартараф намудани камбудию норасоиҳои ошкоргардида чораҳои мушаххас андешида шуда, зарари молиявӣ ба маблағи 137561,7 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла ба буҷет 69540,0 ҳазор сомонӣ, ба корхонаҳо 40453,5 ҳазор сомонӣ ва тавассути мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 27568,2 ҳазор сомонӣ барқарор карда шуд, ки 93,0 фоизи маблағи умумии зарари молиявиро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ ба маблағи 19099,9 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Раиси Палатаи ҳисоб бо муовин, сараудиторон, сардорони раёсату шуъбаҳо ва кормандон вобаста ба камбудию норасоиҳои ошкоргардида ва саривақт ба буҷет барқарор намудани онҳо, инчунин беҳтар намудани тарзу усулҳои гузаронидани аудити молиявӣ ва мутобиқ намудани санадҳо ба стандартҳои байналмилалии аудит муколамаи зарурӣ намуданд.
Ҳамзамон, Аламхон Наимӣ, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои фаъолияти Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин давраи ҳисоботӣ қонеъкунанда арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки ман ба патенсиали кадрии кормандони Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон боварии калон дорам. Эътимод бар он дорам, ки мову Шумо дар якҷоягӣ ҳамаи он дастуру супоришҳое, ки Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам дар назди мову Шумо гузоштааст, сарбаландона хоҳем баромад”.
Дар охири ҷаласа Раиси Палатаи ҳисоб, Чиллазода Қарахон кормандони мақомотро ба фаъолияти самимона, содиқона, беғаразона, масъулиятнокӣ ва риояи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафти иҷрои уҳдадориҳои касбӣ даъват намуданд.
Дар фарҷоми ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Аксхо

 
Силкаҳои лозима