Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Баргузории маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ

Рӯзи 5-уми октябри соли равон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Комиссия оид ба амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони соҳа маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Пас аз садо додани саруди миллӣ, Аҳмадзода Файзалӣ муовини раиси Палатаи ҳисоб ҳозиринро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ табрик намуда, оид ба мақому мавқеи забони тоҷикӣ ва пуштибонии Ҳукумати кишвар аз он ёдоварӣ намуд.
Мавсуф қайд намуд, ки забони давлатӣ аз рукнҳои асосии давлатдории миллист, ки дар пойдорӣ ва суботи давлати миллӣ мақому нақши муҳим дорад ва аз ин аст, ки мо дар Тоҷикистон забони миллатро ҳастии миллат ва бунёду пояи давлат эълон кардаем.
“Мо соҳибзабонон дар назди наслҳои фардо барои ҳифзи асолату покизагӣ ва шириниву шевоии он масъулият дорем ва онро бояд ҳамчун арзиши бебаҳои миллӣ посдориву нигоҳбинӣ кунем ва барои рушду тақвияти минбаъдаи он аз ҳамаи имконоти мавҷуда босамар истифода барем”. -таъкид намуд Аҳмадзода Файзалӣ.
Баъдан, М. Одиназода сараудитори Палатаи ҳисоб маъруза карда, зикр намуд, ки маҳви забон боиси нобудии миллат ва миллатҳои соҳибзабон аст.
Дар замони хатарҳои ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) барои миллатҳо ва халқиятҳои хурду бузурги сайёра аз байн рафтани забони миллии халқу миллатҳои бузург, ба сифати забони давлатӣ ва коргузорӣ қабул намудани забонҳои ғайр бояд ба ҳар миллатҳои соҳибзабон сабақи ҷовидонии таърихӣ бошад.- гуфт Одиназода.
Ба андешаи мавсуф Истиқлолияти давлатӣ дар баробари дигар афзалиятҳои миллӣ мавқеи забонро дар ҷомеа устувор намуд. Истиқлолияти комили забонӣ аз он бармеояд, ки имрӯз забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ масъулияти худро дар назди давлату миллат комилан ва бе ягон таъсири омилҳои беруна иҷро намуда истодааст.
Дар идома, чанд нафари дигар дар мавриди ҳифз ва бузургии забони тоҷикӣ ибрози андеша намуда, байни иштирокдорон мубодилаи афкор сурат гирифт.

Аксхо

 
Силкаҳои лозима