Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Иштирок ва суханронии намояндаи Палати ҳисоби Тоҷикистон дар конфронси байналмилалӣ

10 сентябри соли 2021 бо ташаббуси МОА -и Ҷумҳурии Қазоқистон дар мавзӯи "Системаи аудити давлатӣ дар шароити воқеияти нави таърихӣ" Конфронси байналмилалии илмию амалии мақомотҳои олии аудит (МОА) бо тариқи маҷозӣ баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони 27 кишвар ширкат доштанд. Дар конфронс баромадкунандагон, нақши мақоми олии аудитро дар идоракунии самаранок ва ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувори иқтисоди миллӣ хуб арзёбӣ карданд. Аз ҷониби Тоҷикистон дар ин конфронси байналмилалӣ сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Алиаҳмадиён ширкат ва суханронӣ намуд. Номбурда зимни баромади худ иброз намуд, ки нақши МОА дар идоракунии самаранок барои мақсадҳои рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ муҳим буда, ба ҳифзи шаъну шарафи инсон ва таъмини сулҳу осоиш барои мардуми олам, умуман, тамоми сайёра барои имрӯз ва оянда нигаронида шудааст. - Дар тӯли шаш сол кишварҳо дар асоси ин дидгоҳи муштарак нақшаҳо ва стратегияҳои миллии рушдро таҳия кардаанд,- гуфт Алиаҳмадиён. Ӯ, ҳамчунин қайд кард, ки ниҳодҳои олии аудит бояд ба ҳукуматҳои худ дар баланд бардоштани самаранокӣ, шаффофият, таъмини ҳисоботдиҳӣ, нигоҳ доштани холисӣ, мубориза бо коррупсия, эътимоди ҷомеа ва мусоидат ба ҷамъоварӣ ва истифодаи самараноки захираҳои давлатӣ ба манфиати шаҳрвандони худ кумак кунанд. Дар ин чорабинӣ инчунин намояндагони Дастгоҳи президент, Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон, намояндагони мақомоти олии аудитҳои (МОА) 27 кишвари хориҷӣ, аз ҷумла роҳбарони аввали МОА -и Озарбойҷон, Беларус, Тоҷикистон, Булғористон, Қирғизистон, Португалия Эстония ва созмонҳои байналмилалӣ ба монанди БРСММ, Бонки Осиёии Рушд, намояндагони чоргонаи бузурги "Deloitte, KPMG, Ernst & Young", инчунин 11 муассисаи таҳсилоти олӣ ва 17 комиссияи тафтишотии минтақаҳои Ҷумҳурии Қазоқистон иштирок доштанд.

Аксхо

 
Силкаҳои лозима