Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Табрикоти Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Чиллазода Қарахон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

30 сол муқаддам 9 сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун як ҳадафи олӣ ва пояи воқеӣ барои бунёди ҷомеаи навини демократии кишвар ба даст омад, ки аз ҳадафҳои таърихии дурандешонаи сокинони ин марзи куҳанбунёд хабаррасон буд.
Минбаъд, ин санаи тақдирсоз барои миллати тоҷик, ҳамасола дар сартосари кишвари азизамон Тоҷикистон ҳамчун иди миллии озодӣ ва соҳибистиқлолӣ бо шукуҳи шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад.
Дар тӯли 30 соли Истиқлолият, мамлакат тавассути тадбирҳои фарогири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қаламрави муттаҳид табдил ёфт.
Истиқлолият барои кишвари мустақилу озоди мо - Тоҷикистон беҳтарин сарват ва устувортарин кафолати амнияти пойдории миллат, забон ва урфу анъанаҳои суннатӣ дар замони ҷаҳонишавии тамаддунҳо мансуб меёбад.
Тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханронии худ қайд намуданд, “Истиқлолият неъмати бебаҳо, мояи ифтихор, манбаи худшиносӣ, сарчашмаи нерўбахш ва омили бунёдии таҳкиму тақвияти пояҳои давлатдории миллии мо мебошад”.
Бояд махсусан қайд кард, ки дар зарфи 30 соли соҳибистиқлолӣ давлати мо рӯ ба тараққӣ оварда, ба пешравиҳои назаррас ноил гашт. Аз ҷумла, тасмими ташкили Палатаи ҳисоби Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани назорати молияи давлатӣ низ яке аз дастовардҳои даврони истиқлолият ба шумор меравад. Бо ҳамин мақсад, моҳи июни соли 2011 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расонида шуд.
Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали таъсисёбии худ барои боз ҳам баланд шудани сифати фаъолияти назорати буҷети давлатӣ ва барои рушди иқтисодиёти давлатамон кушишҳои зиёд анҷом дод ва ин тадбирҳо ҳамоно идома дорад. Ин буд, ки сол аз сол Палатаи ҳисоб ба узвияти ташкилотҳои бонуфузи байналмилалии назорати молиявӣ аз қабили “INTOSAI”, “ASOSAI” ва “ECOSAI” шомил шуд. Инчунин аъзои Шӯрои роҳбарони мақоми олии аудити давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад, ки аз соли 2021 то соли 2023 раёсатии созмони мазкурро Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба душ дорад. Албатта ҳамаи ин, бо шарофати Истиқлолият ва заҳмати Пешвои миллат ба даст омадааст.
Муссалам аст, ки Истиқлолияти давлатӣ барои мо - тоҷикон муфт ба даст наомадааст ва барои он фарзандони баору номус ва фарзонаи миллати тоҷик ҷоннисориҳо кардаанд. Асноду далел ва воқеияти рӯзгор муайян намуданд, ки кишвари мо барои расидан ба Истиқлолияти давлатӣ монеаҳои душвору сангинро паси сар намудааст. Мардуми шарифи Тоҷикистон дар ибтидои соҳибистиқлолии кишвар ба имтиҳони сангини таърихӣ, яъне ҷанги нангину хунини шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ шуданд. Ба ҳамагон маълум аст, ки дар аввали солҳои 90- уми асри гузашта ҳизбу ҳаракатҳои зиёди дорои хусусияти ифротидошта мехостанд, моро аз харитаи олам берун кунанд. Хушбахтона, ин нияти нопоки онҳо амалӣ нашуд ва имрӯз Тоҷикистон таҳти роҳбарӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, яке аз мамлакатҳое ҳаст, ки тамоми дунё онро ҳамчун як кишвари мустақили демократӣ мешиносад ва эътироф мекунад.
Воқеан, истиқлолият на ба ҳар халқу миллат муяссар мегардад. Бинобар ин мо мардуми саодатманди Тоҷикистон бояд ба қадри истиқлолият ва дастгирию заҳматҳои беандозаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бирасем, чунки ба даст овардани истиқлолият ва эътироф шудан ҳамчун давлати соҳибихтиёр миёни кишварҳои ҷаҳон кори саҳлу содда нест. Барои тасдиқи гуфтаҳо бояд рӯ биёрем ба кишварҳое, ки тӯли солҳост наметавонанд истиқлолияти хешро ба даст биёранд ва чандсолаҳост, ки мардуми осоишта миёни оташи ҷангу бедодгарӣ қарор доранд.
Табиист, ки дар миёни ҷашнҳои миллии мо Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ мақом ва ҷойгоҳи махсусро касб намудаву сол аз сол қимати таърихиаш меафзояд. Зеро ин санаи таърихӣ дар саҳифаҳои соҳибистиқлолии миллиамон, яке аз рӯйдодҳои муҳиму нодири таърихи навини кишварамон ба ҳисоб меравад. Ҷашни Истиқлолият баёнгари мустақилияти сиёсии давлатдории навини тоҷикон мебошад.
Зеро маҳз тавассути соҳибистиқлолии Ватан рушди иқтисоди миллии мо ба марҳилаҳои сифатан нав расида, ба дурнамои устувори бахшҳои муҳими хоҷагии халқ заминаҳои мусоиду устуворро фароҳам овардааст.
Дар маҷмӯъ, метавон гуфт, ки дастовардҳои давлату давлатдории тоҷикон тӯли солҳои соҳибистиқлолии кишвар қобили мулоҳиза ва зикри махсус мебошанд, ки ҳамарӯза тавассути тамоми шабакаҳои ҷумҳурӣ ба намоиш гузошта мешавад ва мо онро тамошо мекунем.
Аз ин рӯ, бояд ҳар фарди бонангу номуси миллат бо дарки сабақи ибратомӯзи таърих аз ҳодисоти гузаштаи халқамон ва вазъияти кунунии сиёсатҳои ҷаҳонӣ шукронаи сулҳу суботи сарзамини аҷдодиямонро ба ҷой орад, ба қадри ин неъмати бебаҳои умумимиллӣ – Истиқлолияти давлатӣ бирасад ва барои ободии Тоҷикистони азиз саҳми софдилонаву содиқонаи худро бигузорад.
Дар охир бо арзи эҳтиром ҳамаи Шуморо - ҳамкорони гиромӣ бори дигар ба муносибати ҷашни 30 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод гуфта, бароятон оромию осудагӣ, саодатмандӣ, бахту иқболи баланд, шавқату ҳамдилӣ, комёбиҳои беназир, хушбахтӣ ва файзу баракати рӯзгорро таманно менамоям.

Аксхо

 
Силкаҳои лозима