Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Баргузории нишасти матбуотӣ

Тибқи Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2021 мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, таҳти № АП-1729, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 июни соли 2021, таҳти № 26/10-318 тасдиқ шудааст, санаи 15 июли соли 2021 дар бинои Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2021 бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватаниву хориҷӣ баргузор гардид.
Дар оғози нишасти матбуотӣ аз ҷониби муовини Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Ф. роҷеъ ба фаъолияти Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва натиҷаҳои санҷишҳои аудиторӣ дар нимсолаи якуми соли 2021 маълумоти мухтасар манзур гардид.
Сипас, дар ҷараёни нишасти матбуотӣ аз ҷониби роҳбарияти Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суолҳои хабарнигорони воситаҳои ахбори омма вобаста ба истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои буҷети давлатӣ дар вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, ҳаҷми зарари ошкоркардашуда дар вазорату идораҳо ва ҳолати барқарор намудани зарари молиявӣ, посух гардонида шуд.
Дар аснои нишасти матбуотӣ масоили мухталифи иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла истифодабарии мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, самаранокии Барномаҳои давлатӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҷамъбасти нишасти матбуотӣ Аҳмадзода Ф. ба рӯзноманигорон барои иштирокашон изҳори сипос намуда, ба намояндагони воситаҳои ахбори омма даъват ба ҳамкории наздик намуданд.
Нишасти матбуотӣ дар фазои самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда ба анҷом расид.

Аксхо

 
Силкаҳои лозима