Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Ваҳдат-беҳтарин неъмат дар ҳаёти инсон, орзуву армони ҳар як миллат ва таҳкими давлат дар ҳар давру замон аст.

27-уми июни соли 1997 дар таърихи навини давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон яке аз санаҳои муборак ва тақдирсоз- рӯзи баҳамоиву оштӣ ва эълони иттиҳоди ҷовидонаи миллати куҳанбунёди тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст ва мардуми шарифи тоҷик ҳар сол фарорасии онро бо ифтихору шодӣ ва шукӯҳу ҷалоли хосса ҷашн мегирад.
Ба ифтихори 24-юмин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ, санаи 25 июн дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикстон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Ҳамоишро сараудитори Палатаи ҳисоб Раҳмонзода З.Б. ифтитоҳ намуда афзуд, ки воқеан, иттиҳоди миллӣ неъмати бузург ва муқаддасе мебошад, ки тамоми пешрафту комёбиҳо ва саодати рӯзгори мардум аз он ибтидо мегирад.
Сипас, Тағойзода Д. сармутахассиси Палатаи ҳисоб дар мавзуӣ “Ваҳдат-беҳтарин неъмат дар ҳаёти инсон, орзуву армони ҳар як миллат ва таҳкими давлат дар ҳар давру замон аст” маърӯза намуд. Ӯ қайд кард, мо бояд шукрона кунем, ки ба чунин рӯзгори орому осуда ва сулҳу ваҳдати комил расидаем ва ҳоло таҷрибаи нодири сулҳи тоҷиконро созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва давлатҳои дунё меомӯзанд.
Зимни маърӯзаҳо изҳор гардид, ки Ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик бозёфти арзишмандтарин мебошад, зеро он барои амалӣ гардидани ормонҳои халқамон, ки бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ буданд, заминаи воқеӣ гузошт. Ваҳдат таъмингари рушди миллат, таҳкимбахши сулҳу дӯстӣ, бародарӣ ва бунёди осоиштагиву созандагӣ буда, тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти мардумро рангину дилнишин мекунад. Сарчашмаи рӯзгорони пурнишоту бо суботи аҳли ҷомеа маҳз ваҳдату таҳаммулгароист. Шоирону мутафаккирони миллатҳои гуногун дар бораи аҳамияти ваҳдат суханони зиёде гуфтаанд.
Зеро дар ҳар сарзамине, ки дӯстию ваҳдат ҳукмфармо бошад, он ҷо сулҳу амонӣ пойдор гашта, дари пешрафту тараққиёт ва некӯаҳволӣ боз мегардад. Инро мо шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар мисоли Тоҷикистони азизу маҳбубамон, сарзамини зебоманзару дорои таърихи куҳан, хуб мушоҳида намудаем.
Имсол аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 24 сол сипарӣ мегардад. Рӯзи Ваҳдати миллиро ҳамасола мо бо шукуҳу шаҳомати хоса, дар вазъияти фараҳбахш ва бо эҳсоси ифтихори баланд таҷлил менамоем. Бо имзо шудани ин санади муҳими таърихӣ мардуми азиятдидаи мо ба муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, кишварамонро аз харобӣ, миллатамонро аз парокандагӣ ва Ватанамонро аз нобасомониву нобудӣ наҷот бахшид. Бо шарофати сулҳу субот, ваҳдату иродаи матини кулли мардуми тоҷик, инчунин кӯмакҳои беғаразонаи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва кишварҳои миёнарав мо тавонистем, ки на танҳо давлатамонро аз парокандагӣ наҷот бахшем, балки дар таъмини рушди побарҷои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии кишвар қадамҳои устувор гузорем. Вале набояд фаромӯш кард, ки ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҳанӯз оғози баҳамойӣ ва ба иттиҳоди ду ҷониби даргир буд. Аз ин рӯ, ҳадафи аслии Роҳбари мамлакат ҳамчун кафили давлати соҳибистиқлол ва орому осоишта ин буд, ки даст ба дасти ҳам додани ҳамаи шаҳрвандони кишвар на дар зоҳир, балки он бояд дар амал пиёда гардад. Ваҳдати миллӣ барои миллати сарбаланду фарзона ва мутамаддини тоҷик ба як мактаби эътимодбахшу тақдирсоз табдил ёфта, ба таври ҳамешагӣ вориди рӯзгори мо шуд ва пояҳои давлатдорию давлатсозиамонро боз ҳам таҳким бахшид. Дар он рӯзҳои тақдирсози таърихи худ мо дарк намудем, ки идомаи ҷанги шаҳрвандӣ ва шиддат ёфтани муқовимати мусаллаҳона метавонад боиси барҳам хӯрдани давлати тоҷикон, пароканда шудани миллати тоҷик ва ҳатто аз байн рафтани марзу буми ягонаи он гардад.
Роҳбарияти тозаинтихоби мамлакат дар таҳти роҳбарияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ мухолифони сиёсии мусаллаҳро ба сулҳ ва музокирот даъват намуда буд. Яъне, аз рӯзҳои аввали барқарор кардани сохти конститутсионӣ ҷангу зӯроварӣ ҳамчун василаи ба эътидол овардани вазъи ҷомеа рад гардида, роҳи осоишта ва сиёсии ҳалли мухолифатҳо аз тариқи гуфтушуниди ҷонибҳо ба миён гузошта шуд. Дар ҳамин замина миллати тоҷик бори дигар ба ҷаҳониён собит намуд, ки дар ҳақиқат яке аз миллатҳои куҳанбунёду фарҳангии дунё, мутамаддину хирадпеша ва сулҳхоҳу бо таҳаммул мебошад. Дар марҳилаҳои таърихӣ ва тақдирсоз метавонад, ки бо ҳам муросову мадоро намояд ва ҷангу низои дохилиро бартарф созад, агар раҳбару раҳнамо ва мушкилкушое чун Сарвари муаззами кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дошта бошад. Натиҷаи ҳамин буд, ки дар поёни асри гузашта ба ҷанги бародаркӯш хотима бахшида шуда, гурезаҳо ба ватан баргардонида ва харобаҳо аз нав обод карда шуданд. Шукр, ки мардуми Тоҷикистон имрӯз дар фазои сулҳу амонӣ хотирҷамъона зиндагӣ доранд. Сокинони кишвар таҳти роҳбарии Сарвари хирадманд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пешрафту комёбиҳои зиёде ноил гардидаанд. Итминони комил дорем, ки Тоҷикистони азизи мо минбаъд низ дар фазои суҳу ваҳдат ба дастовардҳои бузург ноил гашта, миёни кишварҳои пешрафта мақоми сазоворро ишғол мекунад. Зеро ваҳдат кафили суботу пешрафти ҷомеа аст. Кӯшишҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи расидан ба сулҳу ваҳдат манзури оламиён гардид.
Имрӯз бо ифтихор метавон гуфт, ки Тоҷикистон мактаби таҷрибаи сулҳофарӣ гаштааст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ин таҷрибаро омӯхта, дар ҳалли бӯҳронҳои сиёсӣ истифода менамояд. Собиқ Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннан хизматҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдат таъкид карда, чунин гуфтааст: «Тоҷикистон барои бисёр мамлакатҳои дигар дар ҳалли муноқишаҳои дохилӣ сабақи беназир дод». Дар ҳақиқат баракати ваҳдат буд, ки ҳазорон нафар гурезагон ба ватан баргаштанд, ҳазорон кӯдакону бепарасторон ба ғамхории давлат фаро гирифта шуда, сарпаноҳ ёфтанд, ҳазорон нафар соҳиби хонаву дар ва оилаи обод гаштанд. Воқеан ҳам, дар охири асри XX ва аввали асри XXI хатари ҷиддии аз байн рафтани тамаддуни тоҷикон ба туфайли як гурӯҳи бехираду тиҳӣ аз худшиносии миллӣ ба миён омада буд. Хушбахтона ин хатар бо азму иродаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рафъ гардид. Вале дигар омиле вуҷуд дорад, ки ба ҳуввияти миллии мо таҳдид мекунад ва он глобализатсияи тамаддунҳост. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо гаштаву баргашта таъкид мекунанд, ки мо бояд дар ин шароит ҳушёр бошем, то ҳуввияти худамонро аз даст надиҳем, зеро чунин хатар дар шаклҳои гуногун моро таҳдид карда истодааст.
Вобаста ба ин, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи таъриху фарҳанг, маънавиёт ва санъату адабиёт амалҳоеро анҷом доданд, ки миллати моро аз махлутшавӣ дар тамаддуни глобалӣ наҷот дода, ҳуввияти онро нигоҳ медоранд. Ин хизмати Президенти ҷумҳурӣ дар радифи хизмати бузургтарин ҳомиёни тамаддуни миллати мо қарор гирифта, номи ӯро дар қатори дигарон ҳамчунин шахси таърихӣ ҷовидонӣ мегардонад. Рисолате, ки Президенти маҳбуби мо барои миллати хеш анҷом додааст, барҳақ хоси Пешвои миллат аст. Ҳамин тавр, аз бозгӯи хизматҳои шоён ва аз фаъолияти пурсамари Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷае мерасем, ки таҳти сарварии ин шахсият роҳи тайнамудаи бисту ҳашт соли истиқлолияти миллии кишвари азизамон ва бисту сеюмин солгарди Ваҳдати миллӣ арзиши садсолаҳоро дорад, миллату давлати мо маҳз бо матонату сарсупурдагӣ ва миллатпарастиву ҷоннисории ин абармард дар паҳлуи бузургтарин давлатҳои пешрафтаи дунё қарор хоҳад гирифт. Дар ниҳоят таъкид кардан лозим аст, ки ваҳдати миллӣ барои кулли мардуми Тоҷикистон арзиши муқаддасу азиз ба ҳисоб рафта, асоси хушбахтӣ ва саодати миллат мебошад. Озодӣ, истиқлолият, сулҳу субот, оромию осоиштагӣ ва созандагию бунёдкорӣ аз шарофати ваҳдати миллӣ насиби мо мегардад. Бинобар ин вазифаи ҳар кадом шахси ватандӯст мебошад, ки онро чун гавҳараки чашм ҳифзу ҳимоят намояд ва азизу пос дорад.
Бинобар ин, ваҳдати миллиро бешубҳа метавон ҳамчун самараи талошҳои хурду бузурги Ватани азизамон маънидод кард ва маҳз ба ҳамин хотир, ҳар яки мо вазифадорем, ки онро мисли гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдорӣ намоем.

Аксхо

 
Силкаҳои лозима