Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба фаъолияти Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2021

Санаи 12 апрели соли равон ҷаласаи васеи Ҳайати мушовара таҳти раёсатии Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Чиллазода Қ. баргузор гардид.
Дар ибтидо Раис Чиллазода Қ. зикр намуд, ки “Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар таъкид намуданд, ки таъмин намудани шароит барои зиндагии арзандаи сокинони кишвар ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат мебошад ва мо тамоми захираву имкониятҳоямонро барои расидан ба ин ҳадаф сафарбар сохтаем.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи татбиқи ҳадафҳои стратегии худ ба хотири баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум бо қадамҳои устувор пеш меравад.
Бинобар ин, ҳар яки моро зарур аст, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти давлату ҳукумат, бахусус, Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пойдории сулҳу ваҳдат ва таҳкими истиқлолият ҷаҳду талош намуда, дар ободиву шукуфоии ватанамон ва оромиву осудагии халқу миллат саҳмгузор бошем.
Дар ҷараёни ҷаласаи Хайати мушовара вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Раис Аҳмадзода Ф.З. муфассал баромад намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки бо маќсади таъмини иҷрои саривақтиву сифатноки даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ ва истифодаи шаффофу самараноки маблағҳои буҷетӣ Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2021 дар вазорату идораҳо, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 40 чорабиниҳои аудиторӣ гузаронида, зарари молиявиро ба маблағи 13216,1 ҳазор сомонӣ муайян намудааст.
Аз маблағи умумии зарари молиявии ошкоргардида, хароҷотҳои ғайриқонунии пулию молӣ 3952,4 ҳазор сомонӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 320,0 ҳазор сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 2994,2 ҳазор сомонӣ, зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ 423,4 ҳазор сомонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ 1914,0 ҳазор сомонӣ, талафи буҷет аз ҳисоби маблағҳои кам ҳисобигардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо, пардохтҳои ҳатмӣ ва дигар пардохтҳо ба буҷети давлатӣ 3530,1 ҳазор сомонӣ ва пардохт накардани маблағи суди саҳмияҳои давлатӣ 82,0 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.


Оиди бартараф намудани камбудию норасоиҳои ошкоргардида чораҳои мушаххас андешида шуда, зарари молиявӣ ба маблағи 12282,1 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла ба буҷет 9994,7 ҳазор сомонӣ, ба корхонаҳо 745,7 ҳазор сомонӣ ва тавассути мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 1541,7 ҳазор сомонӣ барқарор карда шуд, ки 92,9 фоизи маблағи умумии зарари молиявиро ташкил додааст.
Инчунин тибқи чораҳои андешидашуда аз ҳисоби зарарҳои молиявии ошкоргардидаи солҳои қаблӣ 5670,3 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла ба буҷет 218,0 ҳазор сомонӣ ва тавассути мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 5452,3 ҳазор сомонӣ барқарор карда шуд.
Сипас, дар давоми ҷаласа ҳисоботи Сараудиторон ва сардорони воҳидҳои сохторӣ шунида шуда, аз ҷониби роҳбарият ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолият дастуру тавсияҳои судманд дода шуданд. Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои гуногуни пешбурди соҳаи аудит ва риояи методологияи амалкунанда баррасӣ гардиданд.
Дар робита ба фаъолияти Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2021 ва вазифаҳо барои семоҳаи дуюм қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Гуфта шуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади сазовору хотирмон таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятро боз ҳам беҳтару хубтар намуда, бо дастовардҳои арзандаи меҳнати пешвоз гирем.

Аксхо

 
Силкаҳои лозима