Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Модар дар Палатаи ҳисоб

Ба муносибати Рӯзи Модар 5-уми марти соли 2021 дар Палатаи ҳисоб чорабинии тантанавӣ баргузор шуд, ки дар он роҳбарият ва кормандон ширкат намуданд. Ҷамъомад бо суханронии табрикотии Раиси Палатаи ҳисоб муҳтарам Чиллазода Қ. ифтитоҳ ёфт. Зимни баромади хеш Чиллазода Қ. нақши занонро дар рушди ҷомеаи имрӯза муҳим арзёбӣ намуда, оид ба ғамхориҳои беандоза, хислатҳои нек ва нақши зан-модар дар ҷомеа ва дигар хусусиятҳои хоси ӯ баҳри беҳбудии оила ва давлат ибрози назар намуданд.
Сипас муовини Раис Аҳмадзода Ф., сараудитор Одиназода М., ва чанд нафари дигар вобаста ба ин ҷашни фархунда суханҳои табрикотӣ баён доштанд. Мусаллам аст, ки модар ягона мавҷудест, ки инсон меофарад, ҳаёт мебахшад. Дар қалби фарзанд тарбия кардани эҳсоси садоқату самимият, некиву накӯкорӣ, хайру саховат ва ташаккули маънавии наслҳо натиҷаи заҳмати шабонарӯзии модарони мушфиқу ғамхор ва мунису меҳрубон аст.
Баробари мардони боҳиммату шуҷоъ имрӯз дар Ватани азизамон модарону бонувони қавиирода низ ҳастанд, ки тану ҷони худро баҳри беҳбудии хонадон ва ҷомеа дареғ намедоранд. Онҳо имрӯз дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат софдилонаю содиқона кору фаъолият менамоянд ва бо заҳмати бунёдкоронаву ташаббусҳои созандаашон барои рушди давлати соҳибистиқлоламон талош мекунанд. Модар дар ҳақиқат сазовори ҳама гуна қадршиносӣ ва дӯстдорӣ мебошад. Заҳмату хизмати модарони мо сазовори аҳсану таҳсин аст.
Дар охири чорабинӣ занону бонувон, аз ҷумла хизматчиёни давлатӣ ва кормандон ҳайати техникии Палатаи ҳисоб бахшида ба Иди Модарон аз ҷониби роҳбарият бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Аксхо

 
Силкаҳои лозима