Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Тамошои дастаҷамъонаи Паёми мустақими Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Палатаи ҳисоб

26-уми январи соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми солонаи хешро “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуданд. Кормандони Палатаи ҳисоб дастаҷамъона Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамошо намуда, ба як ҳисси ватандорӣ ва ифтихори миллӣ аз нуқтаҳои асосии Паём аз ҷумла нисбат ба рушди устувори иқтисоди миллӣ, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволӣ дар кишвар, пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ, вусъати корҳои ободонӣ барои сазовор ҷашн гирифтани 30 солагии Истиқлоли давлатӣ ва дигар масоили вобаста рушди босуботи мамлакат аҳамияти хоса зоҳир намуданд.
Сарвари давлат дар Паёми хеш иброз доштанд, ки пайомадҳои пандемияи Ковид-19 ба иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла ба рушди иқтисоди миллӣ, буҷети давлатӣ, гардиши савдои хориҷӣ, қурби асъори миллӣ, инчунин, ба фаъолияти корхонаҳои саноативу муассисаҳои хизматрасонии кишварамон таъсири манфии худро расонидааст. Дар баробари ин, Роҳбари давлат таъкид доштанд, ки бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои зикршуда, дар натиҷаи амалӣ гардидани тадбирҳои таъхирнопазир аз ҷониби Ҳукумати кишвар устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардида, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ тамоюлҳои мусбат нигоҳ дошта шудаанд.
Вобаста ба коҳиш ёфтани даромади буҷет, афзоиши талаботи маблағгузорӣ, пеш аз ҳама, ба соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла тандурустӣ ва дигар хароҷоти пешбининашуда буҷети давлатӣ барои соли 2020 бознигарӣ карда шуда, ба нишондиҳандаҳои қисми даромад, хароҷот ва касри он тағйироти дахлдор ворид карда шуд. Дар ин раванд иқтисодиёти кишвар дар соли 2020-ум 4,5 фоиз афзоиш ёфта, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 миллиард сомонӣ баробар гардид.
Ҷиҳати беҳтар гардонидани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ ва ҷалби сармояи мустақим баҳри таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии давлат ба ҳисоб меравад. Дар ҳамин давра ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ дар ҳаҷми умумии беш аз 5,4 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 1,3 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ низ ҷалб карда шуд. Баҳри ҷалби бештари сармоягузорони хориҷӣ Пешвои миллат ба як қатор вазорату идораҳо супориш доданд, ки нисбат ба гузариш ба стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ тадбирҳо андешида шавад. 
Сарвари давлат дар охири Паёми хеш ҳар як фарди бонангу номуси Тоҷикистонро, бахусус хизматчиёни давлатиро ба хизмати содиқона ва фидокорона ба халқу ватан баҳри рушди иқтисодиёти кишвар ва ободу зеботар гардидани симои ҷумҳурӣ ҳидоят намуданд.

Аксхо

 
Силкаҳои лозима