Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Видеоконфронси намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ бо роҳбарияти Палатаи ҳисоб

6-уми январи соли 2021 дар Палатаи ҳисоб видеоконфронс баргузор шуд, ки дар он муовини Раиси Палатаи ҳисоб – Аҳмадзода Ф., сараудиторон – Раҳмонзода З. ва Файзуллозода Х. иштирок намуданд. Аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ сармутахассис оид ба идоракунии низоми давлатӣ – Алиев Ҳ. ва коршинос оид ба идоракунии молия – Нисо Базидова ба тариқи фосилавӣ мустақим ҳузур доштанд.
Дар конфронс ҳозирин масоили вобаста ба татбиқи Лоиҳаи ислоҳоти маъмуркунонии андоз барои солҳои 2013-2019 ва натиҷагирӣ аз онро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Бояд қайд намуд, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз декабри соли 2010, №626 бо мақсади беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ дар соҳаи андоз, таъмини технологияҳои иттилоотӣ, тақвияти ҳамкориҳои мақомоти андоз бо андозсупорандагон ва истифодаи механизмҳои нави назорати андоз “Барномаи рушди маъмуркунонии андоз барои солҳои 2011-2015” ба роҳ монда шуда буд.
Баҳри мукаммалгардонии рушди фаъолияти мақомоти андоз дар ҷумҳурӣ дар доираи татбиқи Лоиҳа ширкатҳои машваратӣ ва коршиносони байналмилалӣ ҷалб гардиданд, ки дар ин муддат дар сохтори ташкилии ин соҳа заифиҳо ошкор карда шуд ва барои мустаҳкам намудани низоми идоракунии андоз як қатор тавсияҳо пешниҳод гардид. Бо натиҷаҳои дилхоҳ сохтори институтсионалии мақомоти андоз тағйир ёфт ва дар Кумитаи андози Тоҷикистон якчанд воҳиди сохтории нав ва дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ марказҳои хизматрасонӣ ба андозсупорандагон ташкил карда шуд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки Палатаи ҳисоб дар рушди соҳаи андоз низ нақши назаррас дорад. Ин дар ҳолест, ки дар рафти як қатор чорабиниҳои назоратие, ки Палатаи ҳисоб дар мақомоти андоз ва сохторҳои он дар давоми татбиқи лоиҳа роҳандозӣ кардааст, камбудию норасоиҳои зиёд ошкор гардид ва ин ба мустаҳкам гардидани низоми идоракунии соҳаи андоз, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳо ба андозсупорандагон ва дигар хусусиятҳои хоси ин соҳа такони ҷиддӣ бахшидааст.

Аксхо

 
Силкаҳои лозима