Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Видеоконфронси судманд дар Палатаи ҳисоб

8-уми декабри соли 2020 дар толори китобхонии Палатаи ҳисоб ба таври фосилавӣ конфронс баргузор шуд, ки дар он Раиси Палатаи ҳисоб Чиллазода Қ., муовини Раис Аҳмадзода Ф., сараудитор Раҳмонзода З., аъзои гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ оид ба марҳилаи дуюми Лоиҳа оид ба “Мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ” бо роҳбарии сармутахассис оид ба бахши давлатӣ – Ҳасан Алиев, мутахассиси пешбар оид ба идоракунии молиявӣ Мозес Васике ва дигар коршиносони соҳа иштирок намуданд.
Видеоконфронс бо суханронии ифтитоҳии Раиси Палатаи ҳисоб шурӯъ гардид. Зимни баромади хеш муҳтарам Чиллазода Қ. вобаста ба натиҷаҳои бадастомада дар доираи татбиқи қисмати “Тақвияти аудити беруна” -и Лоиҳаи “Мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ” ва аҳамияти он барои инкишоф ва такмили низоми идоракунии аудит баён доштанд.
Дар конфронс ҷонибҳо масъалаи вобаста ба татбиқи Стратегияи Рушди Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2019-2023 ва идомаи ҳамкориҳо ҷиҳати рушди соҳаи аудит дар кишвар мавриди таваҷҷӯҳ қарор дода шуд. Зимни мулоқот ҳамчунин дар мавриди дар кадом сатҳ қарор доштани татбиқи Лоиҳа суолу посухҳои мушаххас гирифта шуд. Аз рӯи нақша 74 дарсади Лоиҳа татбиқ гардидааст ва он тобистони соли 2021 қатъ мегардад.
Бояд гуфт, ки бо қарори ҳайати Мушовараи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон 20-уми сентябри соли 2019 Лоиҳаи Стратегияи Рушди Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Дар ин раванд дар низоми идоракунии соҳаи аудит ва сохтори Палатаи ҳисоб дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд оварда шуд. Давоми соли 2020 дар баробари таҳияи заминаи методологӣ ҳамзамон Раёсати технологияҳои иттилоотӣ-иртиботӣ ва Шуъбаи назорати сифати аудит таъсис дода шуд.
Дар идомаи конфронс муовини Раиси Палатаи ҳисоб Аҳмадзода Ф. оид ба анҷом додани 6 аудити молиявӣ иттилоъ доданд. Тибқи нақша 3 аудити самаранокӣ гузаронида шуда истодааст, ки як аудит вобаста ба харид, нигоҳдорӣ ва тақсимоти маводи доруворӣ дар ҷумҳурӣ аллакай анҷом ёфта, гузаронидани аудитҳои самаранокӣ дар КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ва Лоиҳаи сармоягузорӣ “Оид ба табобат ва пешгирии бемории фалаҷ” гузаронида хоҳад шуд.
Дар конфронс ҳамчунин вобаста ба таъсири бемории ҳамагири COVID-19 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳолатҳои ба вуҷуд омадани монеаҳо ҳангоми баста шудани сарҳадҳо дар раванди татбиқи Лоиҳа, бахусус интиқоли молу ашёи арзишдор, аз қабили техникаи зарурӣ аз хориҷи кишвар табодули назар карда шуд.
Дар охири видеоконфронс намояндагони воломақоми Палатаи ҳисоб бо коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ ҷиҳати тақвият бахшидан ба аудити самаранокӣ дар бахши давлатии Тоҷикистон, баланд бардоштани малакаи дониш ва сатҳи касбияти кормандони соҳа низ гуфтугӯи судманд анҷом доданд.

Аксхо

 
Силкаҳои лозима