НАҚШИ МАҚОМИ ОЛИИ АУДИТ ДАР АРЗЁБИИ ТАТБИҚИ СИЁСАТИ МОЛИЯИ ДАВЛАТӢ ВА ИСТИФОДАБАРИИ МОЛИКИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Чиллазода Қарахон – Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон
  
  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масади баланд бардоштани самаранокии назорат ва тақвияти он ислоҳоти низоми назорати молияи давлатиро оғоз намуда, ҷиҳати таъсиси низоми аудити мустақили беруна тадбирҳои боз ҳам судманд андешида истодааст.
Яке аз ҳуҷҷатҳои заминавӣ, ки ҳанӯз аз соли 2007 таҳкими низоми назорати давлатии молиявиро тавассути ҷорӣ намудани низоми аудити мустақили беруна пешбинӣ намудааст, Стратегияи “Истеҳсолоти низоми идоракунии давлатӣ” ба ҳисоб меравад, ки он барои такмили самарабахши идоракунии молияи давлатӣ нигаронида шуда буд.
Ҷиҳати амалӣ гардидани ҳадафҳои мазкур 17 майи соли 2007 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раисии Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ аз ҳисоби ҳайати роҳбарикунандаи як қатор мақомоти давлатӣ барои таҳияи лоиҳаи “Стратегия ва Нақшаи тадбирҳо оид ба таъсиси мақоми нави аудити мустақили беруна” гурўҳи корӣ таъсис дода шуда, он вазифадор карда шуд, ки Стратегия ва Нақшаи тадбирҳоро барои тасдиқ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
Дар ин самт гурўҳи корӣ, зимни сафари омўзишӣ ба Олмон бо заминаҳои ҳуқуқӣ ва методологияи аудити мақоми олии аудити Олмон (Бундесрехнунсхоф), инчунин бо тарзи ҳамкории он бо Вазорати молияи Олмон ва Парламенти Федералӣ (Бундестаг) шинос шуданд. Дониши дар ин сафар андўхтшуда боиси дар сохтори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардани як қатор хусусиятҳои мақоми олии аудити Олмон, аз ҷумла сохтори коллегиалӣ ва дараҷаи бештари мустақилият (дар муқоиса бо шохаҳои ҳокимияти иҷроия ва қонунгузор) гардид.
Баъдан, соли 2008 лоиҳаи Стратегия ва нақшаи амал таҳия шуда, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид, ки ин сароғози марҳалаи омодагии ҳуқуқӣ ва институтсионалии зарурӣ барои таъсиси Палатаи ҳисоб гардид.
Ҳамин тариқ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи июни соли 2011 ба имзо расонида шуд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи декабри соли 2011 қарор қабул намуд, ки он барои таъминоти кадрӣ ва ҷудо намудани дигар манбаъҳои лозима барои фаъолияти Палатаи ҳисоб замина гузошт.
Бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъин намудани ҳафт аъзои Палатаи ҳисоб аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 2012 марҳилаи таъсис ва такмили Ҳайати мушовараи Палатаи ҳисоб мутобиқи қонунгузорӣ анҷом ёфт. Пас аз таъин ва қабули минбаъдаи кормандони маъмурӣ ва техникӣ, ҷудо кардани бино ва дигар манбаъҳо барои Палатаи ҳисоб дар соли 2012 дар Тоҷикистон раванди таъсиси мақоми иҷрокунандаи вазифаи олии аудит мувофиқи таҷрибаи байналмилалӣ ба охир расид.
Мутобиқи моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон” Палатаи ҳисоб мақоми олии назорати молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки аудити мустақили берунаро оид ба баҳодиҳӣ ба иҷрои буҷети давлатӣ анҷом дода, ҷиҳати такмили он пешниҳод омода месозад.
Ваколати Палатаи ҳисоб вобаста ба гузаронидани аудити мустақили беруна ба тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳн мегардад. Палатаи ҳисоб дорои ваколатҳои иҷроия, қонунгузорӣ ва ҳифзи ҳуқуқ набуда, наметавонад ба афзалият ва норасоиҳои сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи молияи давлатӣ ва истифодабарии моликияти давлатӣ баҳо диҳад: Палатаи ҳисоб ҳуқуқ дорад ба татбиқи сиёсати мазкур баҳо диҳад ва аз рўи натиҷаҳои он хулосаи худро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз таъсисёбӣ дар таҳияи санаду меъёрҳои ҳуқуқӣ, дастурамалҳо, низомномаҳо, Кодекси одоби кормандони Палатаи ҳисоб ба дастовардҳои муайяне ноил гардид. Илова ба ин, Палатаи ҳисоб расман аз моҳи октябри соли 2013 ба аъзои Ташкилоти байналмилалии мақомоти олии назорати молиявӣ “INTOSAI”, аз моҳи декабри соли 2013 ба аъзои Ташкилоти байналмилалии иқтисодии мақомоти олии назорати молиявӣ “ECOSAI” ва аз моҳи сентябри соли 2014 ба аъзои Ташкилоти байналмилалии минтақавии мақомоти олии назорати молиявӣ “ASOSAI” шомил гардид.
Дар баробари ин рушди низоми аудити беруна дар Тоҷикистон бо назардошти ҳадафҳои миллии рушди кишвар, амалӣ намудани нақшаҳои дарозмуддатро талаб менамояд. Афзалиятҳои аввалиндараҷа барои Палатаи ҳисоб такмили заминаи ҳуқуқӣ, таҳия ва ҷорӣ намудани методологияҳои аудити молиявӣ, мутобиқат ва самаранокӣ, ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии аудит ва технологияҳои муосири иттилоотию иртиботиро талаб менамояд.
Оғоз аз моҳи октябри соли 2016 ҷиҳати иҷрои Стратегияи ислоҳоти системаи идоракунии давлатӣ ва Стратегияи идоракунии молияи давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон бо маблағгузории Ассосиатсияи байналмилалии рушд (Бонки Умумиҷаҳонӣ) ва Департаменти Британияи Кабир оид ба рушди байналмилалӣ, Лоиҳаи дуюми “Мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ”, аз ҷумла дар Палатаи ҳисоб қисмати “Тақвияти аудити беруна” амалӣ шуда истодааст.
Мақсади аввалиндараҷаи қисмати мазкури лоиҳа мутобиқгардонии заминаи меъёрии ҳуқуқии Палатаи ҳисоб ба ҳайси узви комилҳуқуқи Созмони бонуфузи байналмилалии “INTOSAI”, таҳия ва ҷорӣ намудани усулҳои нави аудити молиявӣ, аудити мутобиқат ва аудити самаранокӣ, рушди тахассусии аудиторони касбӣ тавассути ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотию иртиботӣ мебошад.
Вобаста ба ин 2 январи соли 2018 бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мувофиқа бо Бонки Умумиҷаҳонӣ миёни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати байналмилалии CIPFA (Британияи Кабир) шартнома оид ба расонидани кумаки машваратию техникӣ бо Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шуда, корҳо ҷиҳати таҳкими низоми аудити беруна оғоз гардид.
То ин давра коршиносони ширкат таҳлили функсионалии фаъолияти Палатаи ҳисобро гузаронида, тавсия оид ба зарурати ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии аудити беруна, такмили сохтор, рушди қонунгузорӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотию иртиботӣ, аз ҷумла барномаи электронии чорабиниҳои назоратӣ, харидории технологияи компютерӣ ва гузаронидани шабакаи дохилиро пешниҳод намуданд.
Вобаста ба ин аз ҷониби Палатаи ҳисоб 13 стандарти миллии аудит мутобиқ ба стандартҳои байналмилалии аудит қабул ва мавриди истифода қарор дошта, айни ҳол бо мақсади таҳияи стандартҳои миллӣ 35 стандарти байналмилалии дигар мавриди тарҷума қарор дорад.
Инчунин то ин давра аз тарафи коршиносони ширкати зикршуда 21 ҳуҷҷати техникӣ, лоиҳаи Стратегияи рушди Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 – 2023, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон” (дар таҳрири нав), лоиҳаи Низомномаи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастурамал оид ба аудити молиявӣ ва Дастурамал оид ба иртиботро барои баррасӣ ва қабул пешниҳод намуд.
Қайд кардан зарур аст, ки Стратегияи рушди Палатаи ҳисоб барои солҳои 2019- 2023 санади сиёсати миёнамуҳлат ва асоси стратегӣ барои рушди Палатаи ҳисоб ҳамчун мақоми мустақили аудити берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар он самтҳои асосии фаъолият, ҳадафҳо ва вазифаҳо, инчунин натиҷаҳои дар панҷ соли оянда пешбинишуда аниқ муайян карда шудааст.
Илова ба ин, дар доираи уҳдадориҳои худ коршиносони ширкат барои кормандони Палатаи ҳисоб курсҳои омўзишӣ оид ба истифодабарии стандартҳои аудити молиявӣ ва ҳамзамон гузаронидани аудити молиявии таҷрибавиро дар 6 мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва як лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ анҷом доданд. Дар натиҷаи аудити таҷрибавии молиявӣ, намунаи хулосаи аудити молиявӣ мутобиқ ба стандартҳои байналмилалии аудит таҳия шуд. Инчунин дар натиҷаи аудити таҷрибавии молиявӣ Дастурамали мукаммали аудити молиявӣ таҳия гардид. Тасмим шудааст, ки намунаи таҳияшуда минбаъд дар фаъолияти аудити Палатаи ҳисоб ҷорӣ карда мешавад.
Дар баробари ин, коршиносони ширкати зикршуда курсҳои омўзишӣ оид ба истифодабарии стандартҳои аудити самаранокиро гузаронида, ҳамзамон як аудити таҷрибавии самаранокӣ вобаста ба харидорӣ, нигоҳдорӣ ва тақсимоти маводи дорувориро гузаронидаанд. Қайд кардан ба маврид аст, ки ин якумин аудити самаранокӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки бо риояи стандартҳои байналмилалӣ гузаронида шудааст. Дар нимсолаи дуюми соли 2020 гузаронидани боз ду аудити таҷрибавии самаранокӣ ба нақша гирифта шудааст. Намунаи нави хулосаи аудити самаранокӣ ва Дастурамали мукаммали аудити самаранокӣ таҳия карда мешавад.
Бо мақсади омўзиши таҷрибаи дигар мақоми олии аудит дар доираи қисмати мазкури Лоиҳа барои кормандони Палатаи ҳисоб сафарҳои омўзишӣ ба Коргоҳи назорати давлатии Латвия, Палатаи ҳисоби Қирғизистон ва Коргоҳи миллии аудити Британияи Кабир ташкил карда шуданд.
Қобили қайд аст, ки иҷрои маҷмўи чорабиниҳои банақшагирифташуда низ бо амалисозии муваффақи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваст буда, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба монанди дигар мақоми олии аудит, дар ҷаҳон ҳадафи дастёбӣ ба сатҳи баланди мустақилият ва касбиятро дар фаъолияти худ пайравӣ мекунад.
Палатаи ҳисоб дар асоси созишномаҳо бо мақомоти олии назорати молиявии Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистону Молдова, Латвия, Беларус, ҷумҳуриҳои исломии Эрону Покистон ва Ҷумҳурии мардумии Хитой ҷиҳати мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ ва тақвияти аудити берунаи давлатӣ, ҷорӣ намудани усулҳои нави аудити самаранокию натиҷанокӣ ва мутобиқгардонии заминаҳои меъёрии ҳуқуқии Палатаи ҳисоб ба стандартҳои байналмилалӣ, ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст.
Айни замон созишномаҳои ҳамкорӣ байни Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи олии баррасии Ҷумҳурии Афғонистон ва Суди ҳисоби Туркия тибқи муқаррарот дар марҳилаи баимзорасонӣ ва бо Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Узбекистон бошад мавриди баррасӣ қарор дорад.
Ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбӣ дар давраи солҳои 2013-2015 -18 нафар, дар соли 2016 - 15 нафар, дар соли 2017 - 11 нафар, дар соли 2018 - 35 нафар, дар соли 2019 - 32 нафар ва дар нимсолаи якуми соли 2020 - 11 нафар кормандон берун аз қаламрави ҷумҳурӣ ва дар дохили ҷумҳурӣ барои омўзиш ва иштирок дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ва дохилӣ сафарбар карда шуданд.
Инчунин, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ кормандони Палатаи ҳисоб ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши хеш тариқи видеоконфронс дар семинарҳои барпонамудаи Ташкилотҳои байналмилалии “INTOSAI”, “ECOSAI” ва Палатаи ҳисоби Федератсияи Россия дар мавзўъҳои “Ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ”, “Аудити ҳадафҳои рушди устувор” ва “Пешоҳангии Мақоми Олии Аудит дар замони паҳншавии бемории сироятии пандемии “COVID-19”, усул ва техникаи аудит” иштирок намуданд.
Ҷиҳати иҷрои талаботи қонунгузорӣ вобаста ба гузаронидани аудити мустақили беруна оид ба баҳодиҳӣ ба лоиҳа ва иҷрои буҷети давлатӣ ва пешниҳоди хулоса ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2013-2020 фаъолияти худро аз рўи талаботи стандартҳои миллии таҳияшуда, стандартҳои байналмилалӣ ва таҷрибаҳои омухташуда сол аз сол беҳтар менамояд.
Вобаста ба ин, ҳамасола аз ҷониби Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти масъулони асосии қисми даромади буҷети давлатӣ, тақсимкунандагони асосӣ, тақсимкунандагон, гирандагони маблағҳои буҷетӣ ва дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баҳодиҳӣ ба ҳисоботи солонаи иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои назоратӣ гузаронида мешавад.
Аз натиҷаи чорабиниҳои назоратии анҷомдодашуда дар хулосаи иҷрои қисми даромаду хароҷоти буҷети давлатӣ ва истифодаи мақсадноку самараноки маблағҳои буҷетӣ дар баробари зарарҳои молиявӣ дигар камбудиҳо ошкор карда шуда, ҷиҳати ислоҳи онҳо ба тақсимкунандагони асосии маблағҳои буҷетӣ ва дигар мақомоти масъул зиёда аз 50 то 60 тавсияҳои судманд пешниҳод карда мешавад.
Бояд қайд намуд, ки аз рўи тавсияҳои пешниҳодшуда ҳамасола дар Ҳисоботи солона оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ тағйирот ворид карда шуда, ҳисоботи мазкур мукаммал гардида истодааст.
Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сазовар пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таъмини волоияти қонун, пурзўр кардани интизоми иҷроия ва меҳнат фаъолияти худро тибқи талаботи қонунҳои амалкунанда ба роҳ монда, аз тамоми воситаю имкониятҳо истифода бурда, барои боз ҳам беҳтар намудани назорати шаффофу мақсадноки Буҷети давлатӣ, пешгирӣ намудани омилҳои коррупсионӣ мунтазам тадбирҳои зарурӣ хоҳад андешид.

Аксхо

 
Силкаҳои лозима