Корҳои ободонӣ ба муносибати баргузории интихоботи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 3-юми октябри соли ҷорӣ дар Палатаи ҳисоб шанбегӣ гузаронида шуд. Бо мақсади иҷрои амру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба муносибати маъракаи муҳими сиёсии дарпешистода дар Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию созандагӣ гузаронида мешавад. Дар ин муносибат бо иштироки кормандони Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳни бинои корхона ва атрофи он шанбегии дастаҷамъона гузаронида шуд. Ҳайати шахсӣ сарҷамъона ба ҳашар баромада, ба тозакунии бинову гулгашти гирду атрофи корхона саҳм гузоштанд. Саҳни ҳавлии атрофи бинои Палатаи ҳисоб дорои дарахтони гуногуни сояафкан ва гулҳои зебоманзари ороишӣ мебошад. Бояд тазаккур дод, ки шанбегӣ ҳафтаи як маротиба ба роҳ монда мешавад. Чун анъанаи неки шаҳрдорӣ дар корҳои ободонӣ аҳли кормандон, ҷиҳати тозаю озода нигоҳ доштани гӯшаву канори бинои Палатаи ҳисоб бо ташаббусҳои созанда дар ин рӯзҳо бо мақсади боз ҳам зебову дилрабо гардидани симои пойтахти Ватани азизамон ва баланд бардоштани эътибору манзалати Душанбе ба ҳайси пойтахти давлати соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳонӣ фаъолона ширкат меварзанд.

Аксхо

 
Силкаҳои лозима