Вохӯрии намояндагони Комисcияи марказии интихобот ва раъйпурcии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони Палатаи ҳисоб

28-уми августи соли 2020 дар толори маҷлисгоҳи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба баргузории интихоботи Президенти дарпешистодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аъзои Палатаи ҳисоб ва кормандони он вохӯрӣ анҷом доданд.
Дар оғози чорабинӣ узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хидирзода Мағфират дар мавзӯӣ “Оид ба тартиби гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар назди иштирокдорон маърӯза баён намуданд.
Тибқи талаботи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳуқуқи интихоботии умумӣ, баробар ва мустақим бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб мешавад.
Зикр карда шуд, ки шахсе ба номзадии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад, забони давлатиро донад ва дар ҳудуди ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошта бошад. Ошкору шаффов баргузор намудан яке аз принсипҳои асосии баргузории интихобот мебошад. Тавре маълум аст, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 октябри соли 2020 баргузор мешавад. Айни замон дар саросари кишварамон 68 ҳавзаи овоздиҳӣ ва дар 29 мамлакати ҷаҳон барои шаҳрвандонамон баҳри пешниҳоди раъяшон нисбати интихоби номзади арзанда 39 ҳавзаи овоздиҳӣ таъсис дода шудааст.
Сипас дар идомаи вохӯрӣ коршиноси Коммисияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Соҳибов Муҳаммадҷон доир ба қонунҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус фаслҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Низоми интихоботӣ ва хусусиятиҳои хоси он дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар паҳлуҳои мухталифи мавзӯи матраҳшаванда ибрози андеша намуд. Зимни мулоқот ҳозирин доир ба масъалаҳои вобаста ба баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини ҳуқуқии раъйдиҳандагон, бахусус шахсони имконияташон маҳдуд ва муҳоҷирони меҳнатие, ки дар хориҷӣ кишвар қарор доранд, суолу ҷавоб карда шуд. Зикр гардид, ки халқ сарчашмаи ягонаи ҳокимият дониста мешавад. Фаҳмиши интихобкунанда дар заминаи семинару дарсҳои омӯузишӣ такмил дода мешавад. Чуноне ки маълум аст, қувваҳои сиёсие дар хориҷи кишвар мавҷуданд, ки бо ҳар роҳу восита кӯшиш мекунанд, фазои орому осудаи давлату миллатро халалдор созанд. Ҳамин тариқ, ҳар як фарзанди бонангу номуси кишварамонро зарур аст, ки баҳри таъмини сулҳу субот, ободӣ, рушди иқтисодиёт ва ҳифзи ватани маҳбубамон содиҳ буда, ҷиҳати ором баргузор шудани ин маъракаи муҳими сарнавишсоз саҳмгузор бошанд. Бинобар ин, мо кормандони Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шаҳрванди ва чун хизматчиёни давлатӣ кӯшиш намоем, ки дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ фаъолона иштирок намуда, ҷиҳати пойдории иқтиклолияти давлатӣ, сулҳу субот ва рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти ҷумҳурӣ саҳм гузорем.
Иштирокчиёни чорабинӣ аз маърӯзаҳои ироашудаи намояндагони Коммисияи марказии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таассуроти хуб пайдо намуданд. Дар охир Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони Комиссияи болозикр ҷиҳати ташкил ва ба роҳ мондани чунин вохӯриҳои судманд арзи сипос баён доштанд.

Аксхо

 
Силкаҳои лозима