Шанбегӣ бо муносибати таҷлили бошукӯҳи ҷашни Истиқлол

Бо мақсади иҷрои амру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бахшида ба ҷашни 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию созандагӣ дар гирду гушаи ҷумҳуриамон вусъати тоза касб менамояд. Дар ин муносибат бо иштироки кормандони Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳни бинои корхона ва атрофи он шанбегии дастаҷамъона гузаронида шуд. Ҳайати шахсӣ сарҷамъона ба ҳашар баромада, ба тозакунии бинову гулгашти гирду атрофи корхона саҳм гузоштанд. Саҳни ҳавлии атрофи бинои Палатаи ҳисоб дорои дарахтони гуногуни сояафкан ва гулҳои зебоманзари ороишӣ мебошад. Бояд тазаккур дод, ки шанбегӣ ҳафтаи як маротиба ба роҳ монда мешавад. Чун анъанаи неки шаҳрдорӣ дар корҳои ободонӣ аҳли кормандон, ҷиҳати тозаю озода нигоҳ доштани гӯшаву канори бинои Палатаи ҳисоб бо ташаббусҳои созанда дар ин рӯзҳо бо мақсади боз ҳам зебову дилрабо гардидани симои пойтахти Ватани азизамон ва баланд бардоштани эътибору манзалати Душанбе ба ҳайси пойтахти давлати соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳонӣ фаъолона ширкат меварзанд.

Аксхо

 
Силкаҳои лозима