Таҷлили «Рўзи модар» дар Палатаи ҳисоб

Санаи 6 марти соли равон дар иртибот ба ҷашни «Рўзи модар» дар маҷлисгоҳи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Сараввал Раиси Палатаи ҳисоб муҳтарам Чиллазода Қ. ҳамаи бонувонро ба ифтихори ин санаи фархунда, ки дар оғози фасли зебои баҳор ва дар арафаи соли нави аҷдодӣ таҷлил мегардад табрик намуда, ба онҳо саломативу хушбахтӣ ва хонаободиву саодати рӯзгор орзу намуданд ва перомуни бузургии зан-модар ва эҳтироми зан дар ҷомеа ба ҳозирин ёдовар шуда, иброз доштанд, ки ҳамчун ҷашни расмии давлатӣ эълон шудани “Рўзи модар” аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳи равшан аз ҷойгоҳ ва мақому манзалати воло доштаи бонувон дар Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. 
Тавре зикр гардид, модари тоҷик дар тӯли таърихи тӯлонии миллат ҳазорон нафар шахсиятҳои оламшумулу тамаддунсозро ба дунё оварда, дар оғӯши пурмеҳри худ парвариш карда, дар замири онҳо беҳтарин хислатҳои инсонӣ-башардӯстиву ватанпарварӣ ва ҳунармандиву созандагиро ҷой намудааст ва ин рисолати муқаддаси худро имрӯз низ бо иффату шараф идома мебахшад.
Имрӯз модари тоҷик роҳбари кордон, олиму донишманд, табиби ҳозиқ, соҳибкори муваффақ ва албатта, тарбиятгари фарзандон ва нуру гармии ҳар як хонадон аст. Агар нури офтоб ҷаҳонро файзу хуррамӣ бахшад, пас меҳру муҳаббат ва раҳму шафқати зан – модар сарчашмаи зиндагӣ ва осоиши ҳар як хонавода аст. Дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтани Рӯзи модар худ гувоҳи равшани мақому манзалати баланди модарону бонувони азизи мо дар ҷомеа ва нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба онҳо мебошад зикр намуданд Чиллазода Қарахон.
Дар фарҷоми маҷлиси тантанавӣ аз ҷониби Роҳбарият ба ҳамаи бонувон туҳфаҳои молиявӣ тақдим карда шуд.