Ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Палати ҳисоб дар соли 2019

 Санаи 10 январи соли равон ҷаласаи васеи Ҳайати мушовараи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон Қодирӣ Саъдӣ, Рохбарият ва доираи васеи кормандон доир гардида, дар он ҷамъбасти фаъолияти Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 ва вазифаҳо дар соли 2020 мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуд.

Дар ибтидо Раис Чиллазода Қ. зикр намуд, ки “Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар таъкид намуданд, ки таъмин намудани шароит барои зиндагии арзандаи сокинони кишвар ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат мебошад ва мо тамоми захираву имкониятҳоямонро барои расидан ба ин ҳадаф сафарбар сохтаем.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи татбиқи ҳадафҳои стратегии худ ба хотири баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум бо қадамҳои устувор пеш меравад.
Бинобар ин, ҳар яки моро зарур аст, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти давлату ҳукумат, бахусус, Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пойдории сулҳу ваҳдат ва таҳкими истиқлолият ҷаҳду талош намуда, дар ободиву шукуфоии ватанамон ва оромиву осудагии халқу миллат саҳмгузор бошем.
Чиллазода Қ. Баён намуд, ки дар давраи сипаригардида дар самти назорати самаранок ва мақсаднок истифода бурдани маблағҳои Буҷети давлатӣ аз ҷониби Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, корҳои муайян ба анҷом расонида шуданд.
Дар ҷараёни ҷаласаи Хайати мушовара вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми соли 2019 муовини Раис Азимӣ З.И. муфассал баромад намуда аз ҷумла қайд намуд, ки дар соли сипаригардида, Палатаи ҳисоб мувофиқи нақшаи корӣ, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурй, инчунин қарору муроҷиатҳои асосноки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар вазорату идораҳо, субъектҳои хоҷагидорй, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 308 санҷиши аудиторӣ гузаронида зарари молиявиро ба маблағи 234,1 млн. сомонӣ муайян намуд. Дар ин давра ҷиҳати бартараф намудани камбудию норасоиҳо, чораҳои зарурӣ андешида шуда, ба буҷет ва ташкилоту муассисаҳо ва субъектҳои хоҷагидор зарари молиявӣ ба маблағи 213, 4 млн. сомонӣ барқарор карда шуда, маблағгузории сметаҳои хароҷотии ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ба қадри 2,2 млн. сомонӣ кам карда шуд.
Дар заминаи «Тақвияти аудити беруна»-и Лоиҳаи дуюми «Мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ» Стратегияи рушди Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023 қабул гардид, ки айни ҳол мавриди амал қарор дорад.
Аз натиҷаи таҳлили камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти аудитории Палатаи ҳисоб ва бо мақсади бартараф намудани онҳо ба ҳолати 31 декабри соли 2019 мутобиқ ба ҳадафу вазифаҳои дар «Стратегияи рушди Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 - 2023» пешбинишуда, бо розигии Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон сохтори нави Палатаи ҳисоб бо таъсис додани раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва шуъбаи назорати сифати аудит қабул карда шуд, ки ин ҷиҳати иҷрои ҳадафҳои мушаххаси дар Стратегия пешбинишуда, тақвияти аудити беруна, ҷорӣ намудани унсурҳои муосири ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ мусоидат хоҳад намуд.
Инчунин, Ёддошти тафоҳум байни Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати аудитори Ҷумҳурии Мардумии Латвия оид ба ҳамкории фаъолияти аудиторӣ дар бахши давлатӣ ба имзо расонида шуд.
Ҳамчунин, дар идомаи ҷаласа сардорони Раёсату шӯъбаҳои Палатаи ҳисоб доир ба натиҷаҳои фаъолияташон баромад намуда ҳисобот доданд.
Дар ин радиф ба як қатор кормандоне, ки ба натиҷаҳои хуби корӣ ноил гардидан бо Ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Дар хотимаи ҷаласа Раиси Палатаи ҳисоб Чиллазода Қ. камбудию норасоиҳои ҷойдоштаро мавриди муҳокима қарор дода, ҷиҳати бартараф намудани онҳо ба масъулин як қатор дастуру супоришҳои қатъӣ дод.
Натиҷаҳои фаъолияти Палатаи ҳисоб дар соли 2019 қаноатбахш арзёбӣ гардида, барои соли 2020 вазифаҳои мушаххас гузошта шуд. Вобаста ба масъалаҳои зикргардида қарорҳои дахлдори Ҳайати мушовара қабул гардиданд.